Мулоқоти гурӯҳҳои корӣ бо сокинони деҳоти ноҳия

Бо мақсади иҷрои амри раиси вилояти Хатлон аз 15 майи соли 2018  №10 ҷиҳати ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия расонидани муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии  моҳи шарифи Рамазон аз 12 майи соли 2018 мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 – и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо амри  ра

Ҳеҷ овозе нест

Чорабиниҳои фарҳангӣ

Дар арафаи ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тамоми ҷамоатҳои деҳоти шаҳрак ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия чорабиниҳои идона фарҳангию – фароғатӣ гузаронида шуданд.

Ҳеҷ овозе нест

Ваҳдат бақои давлат ва миллат аст Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Вализода Сулаймон бахшида ба 21 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати Миллӣ ӯқғҳҷӣ ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!

Пеш аз ҳама Шумо ва тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба 21 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати Миллӣ табрик гуфта, бароятон бахти сафеду иқболи нек, рӯзгори ободу осуда ва саодату сарбаландӣ орзу менамоям.

Ҳеҷ овозе нест

БА ТАВАҶҶУҲИ МУҲОҶИРОН шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Мавзӯи бемориҳои сирояткунанда, бахусус бемории норасоии масунияти одам (ВНМО) кишварҳои оламро ба ташвиш оварда, яке аз мушкилоти ҳифзи саломатии инсон дар ҷаҳони имрӯза шинохта шудааст.

Ҳеҷ овозе нест

Ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» Беҳтарин неъмати зиндагӣ – об аст

Донишманде гуфтааст: Замин кураи намест, ки дар иҳотаи  вартаи рутубатнок қарор гирифтааст. Дар ҳақиқат дар замин об якуним миллиард метри мураббаро ташкил медиҳад. Дар рӯи замин оби ошомиданӣ хеле кам аст. Он танҳо ду фоизи оби кураи заминро ташкил медиҳаду халос. Аз чор се ҳиссаи оби ошомиданӣ дар ҳолати ях мавҷуд  мебошад. Ин миқдор қиёсан дар рӯи замин мисли қатрае ба назар мерасад. Аммо ин «қатра» дар замин  нобаробар тақсим шудааст.

Ҳеҷ овозе нест

Ташкилоти собиқадорони сарҳадӣ дар ноҳия таъсис дода шуд

   Субҳи 22 апрел намояндагони Кумитаи сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенант Сайфуллоев Сафаралӣ, полковник  Сафаров Ҳабибулло сардори ситоди собиқадорони сарҳадбон, подполковник Абдусаттори Гулаҳмад, майор Бадуров Гурез, собиқ прапоршики калон Давлатов Сайдаҳмад роҳбари ташкилоти «Бародарони ҳамяроқ» (Боевое братство) дар назди пойгоҳи артиши 201 - уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Фархор омаданд.

Ҳеҷ овозе нест

Pages