АЗ “НАҲЗАТ” ТО “БОСМАЧИГАРӢ”
Пан, 02/07/2019 - 19:46Дар замони муосир ва умуман дар таърихи чандинсолаи миллати куҳанбунёди тоҷику тоҷикистонӣ мафҳумҳои “босмачӣ” солҳост, ки аз фикру андешаҳои мардум фарсангҳо дур шуда, дар хотири мардуми сулҳпарвару ватандӯст ёдрас намешуд. Имрӯз ин мафҳум, махсусан, барои ҷомеа ва ҷавонони кишвар хеле норавшан аст. Зеро имрӯз мафҳумҳо ва амалҳое, ки ба мардум даҳшату зӯроварӣ, ноадолатӣ, хиёнаткориву ватанфурӯшӣ ва дурӯягиро ташвиқ мекунад, ба миён омадааст, ки огоҳӣ пайдо намудан ба падидаҳои иҷтимоӣ барои ҷавонон ва ҷомеаи имрӯза хеле муфид мебошад.