ХИЁНАТ БА ВАТАН БАЪДТАРИН КИРДОРИ ИНСОНӢ

Аз қадим мардумони тоҷик хиёнаткорону ватанфурӯшон ва бадкешу бадандешонро аз худ ҷудо мекунад ва бо онҳо муносибати муайяну мушаххас намуда, ҳамагуна амалҳои разилонаи онҳоро маҳкум менамуданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадаф ва ниятҳои нопоки хиёнатпешагон бар муқобили арзишҳои миллӣ ва ё он раванди рушди ҷомеа, шахсиятҳои пешсаф ва барӯманд равона гардида, мехоҳанд онҳоро бо рафтору амалҳои иғвоангези худ миёни мардум сиёҳу баъдном намоянд. Мисоли аз инҳо фаъолияти ҳизби мамнӯъгашта ТЭТ ҲНИ мебошад.

Ҳеҷ овозе нест

ТАРСАМ АЗ ЯК ГУРӮҲ ЗИЁИЁНИ ПАСТФИТРАТИ

Ман аз ин ҷоҳилоне, ки кафки даҳони уштури араби бидавиро аз ҳама расму оини қадимаи мардумии мо, ки саршор аз инсодӯстиву меҳрубонӣ аст, болотар медонанд, ҳеҷ ҷои нигаронӣ надорам. Тарсам аз як гуруҳ интилигенсияи пастфитрати палиди тарсуи пуштипардагии ҷоҳили манфиатхоҳ аст, ки дар ин набарди бархӯрди тамаддунҳо ё бетарафанд, ё хомӯширо ихтиёр мекунанд. Дар тули 1400 сол пушт ба пушт мо мусулмонзодаем. Падарону бобоҳои мо намозхону рӯзагиру худотарсу худоҷӯ буданд, пайрави мазҳаби ҳанафӣ буданд. Касе ба касе кор надошт, касе касеро ба коре маҷбур намекард.

Ҳеҷ овозе нест

ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО МАРДУМИ БАДАХШОНАНД!

Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша баҳри ободиву суботи тамоми минтақаҳои кишвар нигоҳи баробар ва амали воқеӣ доранд. Ин аст, ки Сарвари миллат ба вилояти Бадахшон таваҷҷуҳи хос дошта, стратегияву барномаҳои рушду тақвияти соҳаи гуногуни ин минтақаро таҳти роҳбарии худ қарор додаанд. Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар ба ин минтақа зиёд буда, дар баробари барномаҳои рушди он аъзоёни фаъоли Ҳукумати мамлакатро сарпарастӣ бевоситаи он таъин намудаанд.

Ҳеҷ овозе нест

ВОХӮРИИ КОРШИНОСОН БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ФАРХОР

i.jpgДар ноҳияи Фархор ҳамоиши васеи илмӣ дар мавзӯи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”, ифротгароӣ, терроризм, мушкилоти ҷаҳони имрӯз баргузор гардид. Дар ҳамоиш раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ, коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, корманди Маркази исломии Тоҷикистон Сангалиев Маҳмуд ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

Ҳеҷ овозе нест

Хабарҳо - ОСЕБШИНОСИИ МАКТАБИ МИЛЛӢ (Эҳсоси масъулият ва буҳрони бекифоятӣ)

(Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов - «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат), маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”, №1(31), 2023)

Марди таърихсоз

Ҳеҷ овозе нест

СУҲБАТУ ВОХУРИҲОИ ГУРУҲИ КОРӢ ВОБАСТА БА ПЕШГИРӢ ВА ТАҲДИДҲОИ ТЕРОРРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ДАР БАЙНИ СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ФАРХОР

g_0.jpgФАРХОР 08.02.2023           Дар толори МТМУ-15-и деҳаи Ориён, гуруҳи корӣ вобаста ба пешгирии хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм бо сокинони панҷ деҳаи Ҷамоати деҳоти Фархор мулоқот доир намуданд.

Дар вохурӣ намояндагони дастгоҳи раиси ноҳия иштирок намуда, оид ба пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ сухан гуфтанд.

Ҳеҷ овозе нест

Pages