ТЕРРОРИЗМ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНӢ
Душ, 02/06/2023 - 17:10Муноқишаву зиддиятҳои тӯлонии гурӯҳҳо ва давлатҳои алоҳида имрӯз боиси он гаштаанд, ки терроризм ва экстремизм рӯз то рӯз авҷ гирифта, сарчашмаи задухӯрдҳои зиёд гардад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадафи ягонаи терроризм ин бо роҳи зӯрӣ амалӣ кардани ҳадафҳои сиёсӣ мебошад, ки дар ин гуна амалиёт пеш аз ҳама шахсони бегуноҳ бештар зарари моддиву ҷонӣ мебинанд. Бояд гуфт, ки терроризмро дар ҷомеа бо мақсадҳои гуногун амалӣ мекунанд. Аз ҷумла, гурӯҳе аз олимон яке аз решаҳои аслии зуҳури ифротгароӣ ва терроризмро ба пастравии вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа нисбат додаанд.