Activities calendar

09 феврал 2024

Сафари кории муовини сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон ба ноҳияи Фархор

Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини сарвазири мамлакат –Зиёзода Сулаймон таърихи 6.02.2024 ба ноҳияи Фархор сафари корӣ анҷом дода, аз рафти корҳои ободонӣ, сабзкорӣ, омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, шиносоӣ пайдо намуданд. Зимни боздид аз ҳолати нашъу намои кишти барвақтии пиёз, ғалладонагиҳо, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва пойгоҳҳои обкашӣ огаҳӣ пайдо намуда, дар деҳаи Садоқати ҷамоати деҳоти Ватан дар идомаи сафари корӣ ниҳолҳои ороишии Павлония шинониданд.

Миёна: 1 (1 vote)

Вусъати кишти картошкаи баҳорӣ дар ноҳияи Фархор

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши протоколии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид фаъолону аҳли заҳмати ноҳияи Фархор ҷиҳати саривақт анҷом додани кишти баҳории картошка бо истифода аз боду ҳамои мусоид ҳар як ваҷаб заминро самараток истифода бурда, картошкаи баҳориро дар заминҳои муайяни кишт вусъат бахшидаистодаанд. Мавриди зикр аст, ки картошка дар кишвари мо ба категориҳои асосии маводи ғизоӣ шомил буда, дар соҳаи кишоварзии мамлакат ба ин намуди маҳсулот аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мегардад.

Ҳеҷ овозе нест