ИДОМАИ СУҲБАТУ МУЛОҚОТҲО БО СОКИНОН ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИРТИҶОӢ

ww_0.jpgФАРХОР 24.01.2023 Тавре, чанд руз пеш иттилоъ дода будем, тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, гуруҳи корӣ вобаста ба пешгирии ҷавонон ба ҳар гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористию ифротӣ ва хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, байни кормандони ташкилоту муассисаҳо сухбату мулокотхо доир гардида буд ва имруз чунин ҷамъомад дар байни падару модарони хонандагони муассисаҳои таълимии №№59,10-и шаҳраки Фархор доир гардид.

Дар ин вохурӣ намояндагони дастгоҳи раиси ноҳия иштирок намуда, дар мавзуъҳои вобаста ба хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористию ифротӣ, назорат ва тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ, инсондустӣ, ҳимояи марзу бум ва ҳамчунин максаднок истифодаи телефонхои мобилӣ ва шабакахои ичтимоӣ суханоронӣ карданд.

w_1.jpgГуфта шуд, ки маҳз ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат аст, ки имрузҳо ба ҷавонону бонувон имкониятҳои мусоид ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа дода мешавад. Ба замми ҳамаи ин таъкид гардид, ки насли ҷавон ва занону ҷавондухтарон низ бояд дар ҷавоб ба ғамхориҳои Давлату Ҳукумати мамлакат дар роҳи тадбиқи ҳадафҳои созандаи Роҳбарияти олии мамлакат мавқеи намоёнро нишон диҳанд.

Зимни мулоқот қайд намуданд, ки солҳои охир дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои пасошуравӣ ва арабӣ воқеият собит намуд, ки маҳз ҷавонон гуруҳи осебпазири ҷомеа мебошанд. Ҳама гуна тазоҳурот ва паҳн намудани идеологияву ақидаҳои гуногун аз тарафи гуруҳҳои терористию ифротгароии мазҳабӣ маҳз ба воситаи ҷавонон тарҳрезӣ мешавад ва ҷавонони мо бояд зиракиву хушёриро аз даст надода фирефтаи ин гуруҳҳо нашаванд, мо волидайнро водор месозад ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Муовини раиси ноҳия Дилбар Раҳматуллозода оид ба пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дастовардҳои Тоҷикистони азизро бештар дар байни аҳолӣ, ҷавонону наврасон ташвиқу тарғиб намуда, кӯшиш бояд намуд, ки онҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд..

АЗ МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

Ҳеҷ овозе нест