ТЕРРОРИЗМ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНӢ

Муноқишаву зиддиятҳои тӯлонии гурӯҳҳо ва давлатҳои алоҳида имрӯз боиси он гаштаанд, ки терроризм ва экстремизм рӯз то рӯз авҷ гирифта, сарчашмаи задухӯрдҳои зиёд гардад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадафи ягонаи терроризм ин бо роҳи зӯрӣ амалӣ кардани ҳадафҳои сиёсӣ мебошад, ки дар ин гуна амалиёт пеш аз ҳама шахсони бегуноҳ бештар зарари моддиву ҷонӣ мебинанд. Бояд гуфт, ки терроризмро дар ҷомеа бо мақсадҳои гуногун амалӣ мекунанд. Аз ҷумла, гурӯҳе аз олимон яке аз решаҳои аслии зуҳури ифротгароӣ ва терроризмро ба пастравии вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа нисбат додаанд. Ба ақидаи онҳо субъекти асосии амали террористӣ на террорист, балки қувваи иҷтимоие мебошад, ки имконияти бо роҳи қонунӣ ҳал шудани талаботи худро пайдо накардааст. Аммо гурӯҳи дигари коршиносон бар ин назаранд, ки мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа наметавонад боиси даст задан ба амалҳои террористӣ гардад. Аз ҷумла, коршиносон ҳаёти саркардагони террористони ҷаҳонро таҳқиқ намуда, ба хулосае омадаанд, ки ин террористон на аз оилаҳои камбағал, балки аз оилаҳое будаанд, ки вазъи иқтисодиашон хеле хуб будааст. Чуноне ки онҳо навиштаанд: “Усома бини Лодан – дар оилаи миллиардер таваллуд шудааст, ӯ яке аз 54 фарзанди Муҳаммад бини Лодани Яманӣ аст, ки солҳои 30 асри ХХ ба Саудӣ кӯчид, ба дарбори шоҳ роҳ ёфта, ба корҳои сохтмонӣ оғоз намуд. Аз ҷумла, шоҳроҳи Ҷидда – Маккаро ӯ сохтааст... Соли 1968 дар натиҷаи ҳодисаи нохуш аз дунё даргузашт, ки дар ин вақт сарвати ӯ 11 млрд. долларро ташкил мекард...Террористи машҳур Карлос (“Шағол”) – писари миллионери венесуелагӣ аст ва ё бобои яке аз наздикони Усома бини Лодан Айман аз Завоҳири аввалин роҳбари Лигаи давлатҳои араб буд...Пас робита да чист?”. Мавриди зикр аст, ки гарчанде решаи аслии терроризм проблемаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд, аммо бештари амалиёти террористӣ нишон медиҳад, ки он вақтҳои охир хусусияти сиёсӣ касб кардааст. Омили асосии сиёсишавии терроризм ин ҳимояи мавқеи сиёсиву иҷтимоии худ дар ҷомеа мебошад, ки мафҳумҳое чун нажод, миллат ва фарҳанг асоси онро ташкил медиҳанд. Чунин амалиёт бештар дар сатҳи қабила, гурӯҳҳои этникӣ, инчунин дар сатҳи ду давлат ва ё сатҳи минтақавӣ рух медиҳад. Дар ин гуна амалиёт шахсияти террористонро метавон ошкор намуд, зеро онҳо намояндаи як қабила ва ё як давлат мебошанд (ба монанди қабилаи курдҳо). Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло терроризм на танҳо дар сатҳи як давлат ва ё минтақа амалӣ мешавад, балки он хусусияти байналмилалиро низ касб намудааст. Таҳқиқи мавзӯъ нишон медиҳад, ки амалиёти террористӣ агарчи аз як ҷониб барои расидани гурӯҳҳои алоҳида ба ҳадафҳои сиёсиву иҷтимоӣ амалӣ шаванд, аз ҷониби дигар маҳз ин амалиёт боис мегардад, ки шахсони зиёди бегуноҳ ҷони худро аз даст диҳанд. Аз ин бармеояд, ки агар солҳои қаблӣ терроризм танҳо барои амалӣ шудани манфиати як шахс ва ё як гурӯҳ истифода мешуд, пас ҳоло он манфиати як давлатро амалӣ мекунад, ки ин хатари терроризмро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дучанд мегардонад. Умуман, аз ҷониби коршиносони соҳа омилҳои гуногуни пайдо шудани терроризм ва экстремизм ва вобаста набудани он бо ислом муайян шудааст, аммо ба андешаи мо зуҳури амалиёти террористӣ пеш аз ҳама ба ирода ва тафаккури шахс вобаста буда, аз ягон ҷиҳат ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва мансубияти динии ӯ алоқаманд намебошад. Зеро маҳз иродаи шахс ӯро дар лаҳзаҳои душвор водор месозад, то ақидаи худро нисбат ба мушкилоти ҷомеа тағйир дода, даст ба ҳар гуна кирдори бад занад. Дар акси ҳол, шахс метавонад иродаи худро идора намуда, роҳҳои дигари ҳали мушкилоти худро ҷӯё шавад. Аммо истифода аз динро дар чунин ҳолат метавон танҳо василаи амалӣ шудани ҳадафҳо Ҳамин тариқ, роҳи асосии ҳалли проблемаи терроризм ва экстремизм ин ҳамкории муштараки кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ дар рафъи ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

 

Ҳеҷ овозе нест