ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ДАР САТҲИ МАҲАЛ

424583186_1614915995950338_4169918733966278608_n.jpgБо иштироки вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон –Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор – Вализода Муҳаммад, Муовини раиси ноҳияи Фархор – Ғаффорзода Шоҳрух, Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия – Абдуллоев Акрам ва дигар фаъолони ноњия  дар Ҷамоатњои деҳоти ноњия мулоқоти судманд бо доираи васеи аҳлиҷамоатчигӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар дар низоми сиёсии кишвар доир гардид.

Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зоир Файзалӣ роҷеъ ба паҳлуҳои фарогири паёми Президенти кишвар нутқ карда, бо иқтибосҳо паёми сарвари давлатро тавзеҳ доданд. Аз ҷумла зикр намуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат баҳри расидан ба ҳадафҳое, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Зимнан дар ин самт бобати таъмини маводи ғизоӣ барои дусол ва ҳифзи генофонди миллӣ ва солимии миллат сухан рафт. Сарфаву сарриштакории об, сарватҳои табиӣ, самаранок истифодабарии ҳар ваҷаб заминҳои корам ва наздиҳавлигӣ, руёнидани се чор ҳосил ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии кишвар низ матраҳ гардид.

Дар самти рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандони ҳама соҳаҳо, стипендия ва нафақа ва дар ин замина дар марҳилаи се соли оянда тадбирҷуйӣ ва ба сад банди фозӣ боло бардоштани музди меҳнат, ки аз тадбирҳои Сарвари давлат мебошанд нутқ рафт. Ҳамзамон доир ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисоди сабз, саноатикунонии босуръати кишвар, баланд бардоштани иқтидори энергетикии мамлакат ва бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна дар кишвар, бунёди неругоҳи барқи обии “Себзор”, бунёду тармими роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии кишвар ва ба ин васила ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат, татбиқи бомарому самарабахши инвеститсияҳои миллию байналмилалӣ иҳзори андеша рафт.

Татбиқи қонунҳои амалкунанда, оид ба танзими расму оинҳои мардумӣ, роҳ надодан ба зиёдаравӣ, хурофотпарастӣ, сарфаву сарриштакорӣ дар соҳаи барқ, ғани сохтани буҷаи ҳар як оила ва ба ин васила саҳмгузорӣ дар касбомузию илмомузии фарзандону наврасон, баланд бардоштани иқтидори зеҳнии ҷавонон, ба муассисаҳои олии хориҷи мамлакат дохил намудани онҳо, тарбияи кадрҳои баландихтисос, рақобатпазир дар бозори меҳнат, тарбияи ҷавонони худогоҳу ватанпараст як бахши тавзеҳии паёми Президенти кишвар буд.

Аз ҷумла бобати гармшавии босуръати иқлим, обшавии шиддатноки пиряхҳо, камобӣ, хушксолию норасоии маводи ғизо, афзоиши бекорӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, хуруҷи падидаҳои биотерроризм, афзоиш ёфтани партовҳои газӣ ва заҳрорлудшавии ҳавои атмосферӣ сухан рафт. Тазаккур дода шуд, ки дар ин росто марҳилаи ҷанги сард торафт авҷ мегирад ва таъкид шуд, ки ҳар сокини кишвар, ҳар ҳамватани мо бо диққат ва таваҷҷуҳи хоса дар атрофи сиёсати созандаи Президенти кишвар якдилона мутаҳид гардида, баҳри ободию созандагӣ, ҳифзи давлатдории миллӣ, таъмини оромиву истиқлоли Ватан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дигар ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар устуворона ва содиқона амал намоянд.

Инчунин, вобаста ба таҳкими идеологияи миллӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ сухан рафт. Ёдрас гардид, ки бахшҳои муҳиму пурғановати мероси ниёкон ва фарҳанги миллии тоҷикон аз қабили “Наврӯз”, “Чакан”, “Атласу адрас”, “Фалак”, “Шашмақом”, хуроки миллии “Оши палов”, ёдгории таърихию фарҳангии “Саразм”, мамнуъгоҳи “Бешаи Палангон”, мероси гаронбаҳову беназири Мавлоно “Маснавии маънавӣ” ва ғайраҳо ба мероси умумибашарии ЮНЕСКО қабул гардиданд. Таъкид шуд, ки аз ин лиҳоз бо ин ҳама дастовардҳои маънавию, фарҳангӣ ва таърихию ёдгории миллат бояд ҷавонону фарзандонро дар руҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ, инсондустию дорои ахлоқи ҳамида тарбият намуда, ба ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, фарҳанги миллӣ, забони тоҷикӣ, идеологияи миллӣ, сарҳади давлатӣ, ҳифзи якпорчагии сарзамин равона намоем. Ба ин васила ба воридшавии фарҳанги бегона, идеологияи харобкоронаи динию мазҳабӣ ва дигар падидаҳои номатлуб роҳ надиҳем.

Њама пањлуњои Паёми Президенти кишвар мавриди омузиш ќарор дода шуда, дастуру тавсеањои судманд дода шуд.

Дар интиҳо интихобкунандагону иштирокчиён ба сухан баромада, ба саволҳои худ ҷабҳои қаноатбахш гирифтанд.

Миёна: 1 (1 vote)