ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ДАР НОХИЯИ ФАРХОР

Бо иштироки вакилонии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон –Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва Саидҷаъфар Усмонзода, инчунин, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор – Вализода Муҳаммад ва Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия – Абдуллоев Акрам дар нохияи Фархор мулоқоти вакили мардумӣ бо интихобкунандагону доираи васеи кормандони соҳаи маориф оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар дар низоми сиёсии кишвар доир гардид. 

Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зоир Файзалӣ роҷеъ ба паҳлуҳои фарогири паёми Президенти кишвар нутқ карда, бо иқтибосҳо паёми сарвари давлатро тавзеҳ доданд. Аз ҷумла зикр намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар тӯли ин солҳо 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидаанд. Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд.

Қобили зикр аст, ки танҳо соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд.

Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 226 медал зиёд мебошад. Ҳамзамон қайд карданд, ки Тарбияи ватанпарастии насли наврас яке аз масъалаҳои мушкил ва муҳимтарин ва мубрами ҷомеа ба шумор рафта, муваффақшавӣ ба ҳадафҳои он ба омилҳои зиёд вобаста аст. Дарки онҳо натанҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватанпарасти кишвар ҳам мебошад. Роҳу восита ва усулҳои ин кор натанҳо аз вазифаҳои имрӯзаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, инчунин дурнамои таҳкими давлати соҳибистиқлоли демократӣ ва рушди миллии он низ вобаста мебошад. Дар ин ҷода бояд ҳам таҷрибаи таърихӣ, ҳам махсусиятҳои имрӯзаи соҳибистиқлол будани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам омилҳои пурхатари замон ва ҳаёти ҷамъиятии кишвар ба назари эътибор гирифта шаванд. Дар интиҳо интихобкунандагону иштирокчиён ба сухан баромада, ба саволҳои худ ҷабҳои қаноатбахш гирифтанд.

Бо иштироки вакилонии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон –Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва Саидҷаъфар Усмонзода, инчунин, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор – Вализода Муҳаммад ва Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия – Абдуллоев Акрам дар Ҷамоати деҳоти Фархор мулоқоти вакили мардумӣ бо интихобкунандагону доираи васеи кормандони соҳаи маориф оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар дар низоми сиёсии кишвар доир гардид.

Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зоир Файзалӣ роҷеъ ба паҳлуҳои фарогири паёми Президенти кишвар нутқ карда, бо иқтибосҳо паёми сарвари давлатро тавзеҳ доданд. Аз ҷумла зикр намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар тӯли ин солҳо 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидаанд. Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд.

Қобили зикр аст, ки танҳо соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд.

Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 226 медал зиёд мебошад. Ҳамзамон қайд карданд, ки Тарбияи ватанпарастии насли наврас яке аз масъалаҳои мушкил ва муҳимтарин ва мубрами ҷомеа ба шумор рафта, муваффақшавӣ ба ҳадафҳои он ба омилҳои зиёд вобаста аст. Дарки онҳо натанҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватанпарасти кишвар ҳам мебошад. Роҳу восита ва усулҳои ин кор натанҳо аз вазифаҳои имрӯзаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, инчунин дурнамои таҳкими давлати соҳибистиқлоли демократӣ ва рушди миллии он низ вобаста мебошад. Дар ин ҷода бояд ҳам таҷрибаи таърихӣ, ҳам махсусиятҳои имрӯзаи соҳибистиқлол будани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам омилҳои пурхатари замон ва ҳаёти ҷамъиятии кишвар ба назари эътибор гирифта шаванд. Дар интиҳо интихобкунандагону иштирокчиён ба сухан баромада, ба саволҳои худ ҷабҳои қаноатбахш гирифтанд.

Миёна: 1.5 (2 votes)