МУЛОҚОТИ МАСЪУЛИН БО ДОНИШҶУЁНИ ПОЙТАХТ

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тақвияти неруи зеҳнии ҷавонон ва соҳибилм намудани онҳо бо донишҷуёне, ки аз ноҳияи Фархор дар донишгоҳҳои шаҳри Душанбе таҳсили илм доранд, баргузор гардид.

         Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон масъулини маќомоти иҷроияи ҳокимияти даватии ноҳияи Фархор бо ҳайати васеъи донишҷуёни ноњия мулоќот намуда, аз ҳаёту рузгор, буду бош дар пойтахти кишвар, илмомузӣ ва аҳволи онҳо огоҳ шуданд. Зимни мулоќот бо донишҷуён рољеъ ба риояи одоби шаҷрниши, риояи «Маромномаи сокини пойтахт», риояи фарҳанги миллӣ, зоҳир намудани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, омузиши касбу ҳунар, таќвият додани худшиносию худогоҳӣ, ватандустӣ сухан рафта, тавсеаҳои судманд дода шуд.

Инчунин, бобати нагаравидан ба фарҳанги бегона, роҳ надодан ба хурофотарасти, пешгири падидаҳои номатлуб, терроризму экстремизм ва амсоли ин таъкидҳо шуд.

Миёна: 2 (1 vote)