Вусъати кишти картошкаи баҳорӣ дар ноҳияи Фархор
Тибқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши протоколии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид фаъолону аҳли заҳмати ноҳияи Фархор ҷиҳати саривақт анҷом додани кишти баҳории картошка бо истифода аз боду ҳамои мусоид ҳар як ваҷаб заминро самараток истифода бурда, картошкаи баҳориро дар заминҳои муайяни кишт вусъат бахшидаистодаанд. Мавриди зикр аст, ки картошка дар кишвари мо ба категориҳои асосии маводи ғизоӣ шомил буда, дар соҳаи кишоварзии мамлакат ба ин намуди маҳсулот аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мегардад.