Аксияи умуминоҳиявӣ: “Тозагии маҳал”
Дар доираи ба иҷро расонидани банди 99-уми протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷиистон аз 24-уми январи соли 2024 №1 вобаста ба таъмини тозаиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кўчаву хиёбонҳо то манзилҳои истиққоматии ҳар як оила дар маркази шаҳраки Фархор аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксияи мазкур ҳайъати васеи сокинону фаъолони ноҳия, масъулини ташкилоту муассисаҳо ба ҳашари дастаҷамъона баромада, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, хиёбони марказӣ, гулгаштҳои кучаҳои Лангариев, С.Сафаров, И.Сомонӣ, атрофи варзишгоҳи марказии ноҳия, шоҳроҳҳои асосии шаҳраки Фархор, инчунин, деҳаву маҳаллаҳо, ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва гирду атрофи биноҳои корию маъмуриро тозаву озода намуданд. Зимни баргузории аксияи “Тозагии маҳал” гулҳои шинонидашуда аз алафҳои худруй тоза кардашуда, атрофи дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ низ нарм ва тоза карда шудаанд. Инчунин, иштирокдорони аксияи зикрёфта роҳраву кучаҳоро аз партовҳои гуногун тозаву озоданамуда, дар ҷойҳои махсуси партовпартоӣ гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки чунин аксияҳои тозагӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷараён дорад.