ДАСТГИРИИ ОИЛАҲОИ ЗАРАРДИДАИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ДЕҲАИ СУРХОБ
Бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандоне, ки аз деҳаи Сурхоб рузи 25 майи соли 2024 дар натиҷаи боридани боронҳои сел ва офати табиӣ зарар дидаанд кӯмакҳои башардӯстона расонида шуд. Кумакҳо барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ буда, аз қабили семент, арматура, тахта чанд андоза, мавод барои таҳкурсии хонаҳоро бунёд кардан (сангу шағал), қолабҳои тахтагин (ДСП лист), хишт, мехҳои андозаҳои гуногун, як микдор маблағи пулӣ ва дигар маводҳо иборат буда, ба сокинон дастрас карда шуданд.
Инчунин, ба онҳо дар мавзеи алоҳида қитъаи заминҳои наздиқавлигӣ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст. Фаъолони ноҳия дар якҷоягӣ бо сокинону аҳли маҳал ба корҳои созандагию ободонӣ машғул шуда, дар муҳлати муайян корҳои созандагию ободонӣ анҷом дода мешаванд.
Сокинон аз ғамхориҳои пайвастаи Президенти кишвар ва Ҳукумати мамлакат изҳори хушнудӣ ва сипосманди баён доштанд.