Аз ҷараёни ҳашарҳои умуминоҳиявӣ
Доир ба татбиқи банди 99 протокои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиистон аз 24-уми январи соли 2024 №1 вобаста ба таъмини тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кўчаву хиёбонҳо ва манзилҳои истиқоматии ҳар як оила дар маркази шаҳраки Фархор аксияи «Тозагии маҳал» баргузор карда шуд. Зимни барузории аксияи тозагии маҳал сокинону фаъолони ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо ба ҳашари дастаҷамъона баромада, боғифарҳангӣ-фароғатӣ, кучаи марказии шаҳраки Фархор, атрофи варзишгоҳи марказии ноҳия, шоҳроҳҳои асосии шаҳраки Фархор, деҳаву маҳаллаҳо, инчунин, дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия деҳаҳо тозаву озода карда шуданд. Зимни баргузории аксияи “Тозагии маҳал”дар шаҳраки Фархор новаҳои бетонӣ аз лойқа ва партовҳо тоза карда шуда. гулҳои шинонидашуда аз алафҳои худруй тоза кардашуда, атрофи дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ низ нарм карда шуд. Бонувон низ ба корҳои тозагӣ баромада, роҳравҳо ва кучаҳоро об зада рубучин намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки чунин аксияҳои тозагӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷараён дорад.