Боздиди намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор аз рафти корҳои сохтмонӣ
Умаров Мансурҷон Ғаффарович - намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар деҳаи Сурхоб шинос шуданд. Зимни боздид ба сохмончиён дастур доданд, ки хонаҳои бундшавандро тибқи талаботи стандартӣ бунёд намуда, ба сокинон супоранд. Мавриди зикр аст, ки ба осебдидагони офати табиӣ дар деҳаи Сурхоб бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмакҳои башардӯстона аз қабили семент, арматура, тахта чанд андоза, мавод барои таҳкурсии хонаҳоро бунёд кардан (сангу шағал), қолабҳои тахтагин (ДСП лист), хишт, мехҳои андозаҳои гуногун, як микдор маблағи пулӣ расонида шуд.