ҶАНГ ДАР ПАЙМОНИ ЗИДДИМИЛЛӢ БАРОИ МАНСАБ, ПУЛ ВА ШӮҲРАТ ИДОМА ДОРАД..
Тайи ҳафтаи охир, дар миёни тӯдаи авбоши қаллобон ва гадоҳои пулталаби интернетӣ дар давлатҳои Аврупо ҷангу ҷидол барои қудрат ва ё роҳбарӣ идома дорад. Ин тӯда ҳамон ватанфурӯшони наҳСатӣ ва ё гурӯҳи24 мебошанд, ки пас аз амалиётҳои террористӣ дар Тоҷикистон гурехта ба давлатҳои Аврупо рафтанд. Дар ин минтақаҳои “озод” тӯдаи гадоҳо паймони зиддимиллӣ таъсис дода, бо роҳбарияти шӯрову департаментҳо бешарафонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекарданд. Аммо ҳафтаи охир маблағе, ки аз созмону ташкилотҳо ва ё аз ҷайби муҳоҷирони меҳнатӣ аз интернет гадоӣ мекарданд, байни худ тақсим карда натавонистанд. Ин буд, ки Ш.Гадоев аз ин тақсимоти молу қудрати роҳбари паймони зиддимиллӣ М.Кабирӣ норозигӣ баён карда, бо ҳақорату дашномҳо ва таҳқирҳои зиёди худ аз ин паймон берун шуд. Паймони зиддимиллӣ, ки миссияш фиребу ба дом андохтани мардуми бечораи тоҷик аст, зуд Ш.Гадоевро, ки то имрӯз ва дар гузашта барои онҳо “қаҳрамон ва муборизи роҳи озодӣ” буд, хоин ва бешараф эълон шуда, аз сафи гадоҳо Гадоев к... ва пасон ронда шуд. Воқеан ин тӯдаи гадоҳои беватан ҳар касе, ки онҳоро таҳқир ва ё бешарафу беимон мегӯяд, зуд онро хоину ғулом номида, ба дашному таҳқири огн мегузаранд. Ҳамин буд, як тӯдаи гадоҳо ба гадои дигар, яъне Гадоев ҳуҷум карда, ин беватанро шарманда карданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки роҳбари тӯдаи гусфандон М.Кабирӣ бисёр ҳаросиду тарсид, ки мабодо курсии роҳбариро аз даст надиҳад, чун ин курсӣ пулу моли зиёд ба ҷайби ӯ меоварад. М.Кабирӣ ва аъзои оила ӯ, ки се чор зан дорад, як баталионро ташкил медиҳанд ва ё содда карда гӯем, сад дар сад роҳбарияту аъзоёни таъсиррасонӣ паймони зиддимиллӣ хешу табори М.Кабирӣ ва рафиқи ӯ мебошанд. Ба огоҳон маълум аст, ки дар оянда ва имрӯз низ аъзоёни фаъол ва аксарияти курсии роҳбарияти ТЭТ ҳизби наҳзатро авлоди М.Кабирӣ ташкил медод. Имрӯз М.Кабирӣ бо ҳамин стратегия дар Аврупо амал карда, паймони зиддимиллиро таъсис дод ва молу қудратро низ бегона кардан нахост. Мувофиқи маълумотҳо ҷудоӣ байни паймони зиддимиллӣ идома дошта, рӯзҳҳои наздик ин паймон пош мехӯрад. Чун, ки ҷанги идеологӣ ва тақсими қудрат миёни наҳзатиҳо ва думравони онҳо, ба мисли М.Сагруддин, С.Истаравшанӣ, А.Шерзамон, И.Яқуб ва дигарон идома дорад. Мувофиқи маълумотҳо аз дохилӣ паймони зиддимиллӣ аъзоёни фаъол ва ё ҳушёрӣ паймон нисбати Ш.Гадоев, А.Шерзамон ва чанд нафари ранҷида дасияи махсус омода шуда истодааст. Рӯзҳот наздик ин парванда ба созмонҳои ҳуқуқи башар ва ё мақомотҳои махсуси Иттиҳоди Аврупо пешниҳод карда мешавад, ки зудтар ин гурезаҳо азх ҳудуди иттиҳод хориҷ карда шаванд. Ин амалиёти махсусан махфӣ буда, таҳти назорати бевоситаи М.Кабирӣ қарор доштааст. Бо ин амалиёт М.Кабирӣ ва М.Сагруддин паймони зиддимиллиро пароканда карда, бо як ҷаласаи махсус аъзоёни нави шӯроро аз ҳисоби фарзандон ва хешу табори М.Кабирӣ таъсис дода, дар дохили паймони зиддимиллӣ ислоҳот ворид мекунанд. Аз ин бармеояд, ки аҳли наҳсат ва дигар беватанони бешараф бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки созмоне ва ё ташкилоте дошта бошанд, то масъулони иттиҳодро водор кунанд, ба онҳо паноҳгоҳи сиёсӣ бидиҳад. Бо ин роҳ наҳсатиҳҳо мехоҳанд, сулҳу суботи кишвари моро барҳам дода, мардуми хушбовари моро фиреб карда, пулу мол ва зиндагии онҳоро хароб кунанд. Аз ин раванди бешарафона Д.Атовуллоев низ бетавофут набуда, бо каналҳои хоси худ мехоҳад, паймони зиддимиллӣ пароканда шавад. Мувофиқи маълумотҳо Ш.Гадоев ва чанд нафари таъсиррасон дар гурӯҳи24 мафтуни Д.Атовуллои беватан буда, мехоҳанд бо ӯ созмони махсус таъсис диҳанд. Чун, ки Д.Атовуллоев каналу барномаҳои махсусе доштааст, ки пулу моли зиёде дар оянда меовардааст. Хусусан, Д.Атовулло бо яҳудиҳои Аврупо алоқаҳои хос дошта, миллиондоллар аз онҳо гадоӣ кардааст, то ки кайфу сафои худро дар маконҳои махсус идома диҳад ва аз ин корҳои худ дар фейсбук ҷун девонаи нодида худро таърифу тавсиф намояд. Ҳамватанони огоҳ ва ҷавонони ғаюри тоҷик бояд аз ин андешаҳо ва стртегияҳои душманони давлату миллати мо огоҳӣ дошта бошанд, то ки ба доми онҳо наафтаанд. Ин хоинони беватан ва бешараф дар ҳама ҳолат пайи ҷайбу шиками худ буданд ва мемонанд.