ТЭТ ҲНИТ ҳизби одамхӯр буд

Аз  наҳли холаи Ҳалима: (номҳо шартан дигар шуданд)

   Талбон фарзанди ягонаам буд. ӯ ба дунё омаду ду моҳ пас падараш баъди бемории тӯлонӣ рахти сафари охират баст. Ин солҳои аввали соҳибистиҳлолӣ буд. Замона ҳам ниҳоят ташвишовар ва ҳасос буд. Ана дар ҳамин давра дар байни мардум як зумра мусулмонҳои навбаромад ба ислом ҳизб нишон доданд. Ҳизбашон ҲНИТ ном дошт. Ин мардум мардуми бисёр тезхавос ҳам буданд. Ҳайрон мешудем, ки охир гузаштаҳоямон ҳизби исломӣ надоштанду аз куҷо пайдо шуд чунин ҳизб? Охиран  Тоҷикистонро ҳамин ҳизб ба кашокаш андохт. Аксари аъзоёни ҲНИТ ҷавонони бесаводу камсаводи худношинос буданд. Чӣ ҳадар зиндагии хубу осоишта доштем. Агарчӣ  давлати шӯравӣ пош хӯрд, аз байн рафт, мо тоҷикон бе ҷангу хунрезӣ соҳиби истиҳлолияти давлатӣ шудем. Ҳаёти хушбахтонаи миллатамон акнун сар мешуд. Чӣ мегӯед, ки ҳамин наҳзатиҳои динситез кишвари тинҷу озодаамонро ба ҷанг ва хунрезӣ кашиданд. Илоҳо хонаи душмани миллатамон бисӯзад, ки хонаю дари садҳо сокинони бегуноҳи тоҷикро сӯхтанд. Ҷавонони зиёд маҳкуми марг шуданд, кӯдакон зиндаятим ва чӣ ҳадар ҷавонзанҳо маҳкум ба ҳукми бевагӣ шуданд.

    Дар он солҳои мудҳиш, ки ин ҳизби одамхӯр дар Тоҷикистони азизамон пайдо шуд, ҳоли зиндагии мардум он ҳадар табоҳ шуд, ки онро бо ҳеҷ забон тафсиф додан мумкин нест. Мани бехабар аз дунё он ваҳт шабу рӯз дар ҳоли бемордории шавҳарам, надонистам, ки писари бо сад азобу машаҳҳат ба даст овардаву калон кардаам кайҳо ба доми наҳзатиҳои исломӣ афтида будааст. Охир ман ӯро аз Худованди бузург талабида будам. Худованд садои дили зорамро шунида буд, ки ӯро ба ман ҳадя карда буд. Ба ҳамин хотир номашро ҳам Талбон монда будам. Баъд аз гӯру чуби падараш Талбони талбидагиам якбора ѓайб зад. Аз байн як сол зиёдтар гузашт. Соли 1993 ҳам даромад. Мардум дар азоб буданд. Мактабҳо бесоҳиб монда, шогирдон кӯчагию бозорӣ шуданд. Ҳама раҳгум задагӣ барин шуданд. Ҳамаи ин бадбахтиҳои зиндагиро ҳамин исломиҳои навбаромад – наҳзатиҳои аз  Худо мункир ба сари мардум оварда буданд. Худо ҷояшон дӯзахи абадӣ бошад, ин худобехабарҳои беимонро. Ин таърихи хуношомро мардуми Тоҷикистон бояд ҳеҷ гоҳ аз хотир набароранд. Фарзанд ба фарзандашон таъкид кунанд. Аз ин тоифаи худозада ҳама ваҳт ҳазар кунанд. Онҳо дар воҳеъ ҳамон морҳои одамхури Заҳҳокро мемонанд.

 Як рӯз баъди  намози шом телефони аз шавҳари марҳумам монда занг зад. Ба хотири он ки шояд Талбонам бошад, гӯширо ба умед бардоштам. Садои ношинос буд. Гуфтанд, ки шумо модари Талбон ҳастед? – Бале гуфтам. Овози ношинос хабарам дод, ки  писарат дар Афѓонистон дар роҳи ҳимояи ислом шаҳиди аъло шуд, гуфту гӯшиашро хомӯш кард. Бо шунидани ин хабар  чанде аз ҳуш рафтам. Баъди он ки ба ҳуш омадам, фикре ба сарам зад, ки Талбони ман барои кадом исломи бесоҳиб шаҳид шуда бошад? Охир мани модараш оё барои ӯ ислом набудам, оё дар Тоҷикистон кадом касро ҷойнамозашро ҷамъ карда гирифтанд. Оё киро аз дари масҷид баргардониданд?! Ман, ки имрӯз нисфи зиёди умрам гузаштааст, бо сари баланд мегӯям, ки чунин мусулмонӣ, ки дар Тоҷикистони мо аст на дар Афѓонистону Покистон ва на дар мулки арабу Эрон нест. Ин наҳзатиҳои зархарид ба ивази пулу пайсаҳои аз хоҷаҳояшон хурдаро бояд ҷуброн кунанд.

 Ба ҳамаи ҳамватанонам мегӯям, ки дар исломгаравонии наҳзатиҳои исломӣ фирефта нашаванд. Онҳо ба ҷуз одамхурӣ дигар коре надоранд. Аз онҳо ҳазар кунед!

                                                     А. Маҷидзода.

Ҳеҷ овозе нест