Боздидҳо
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сеш, 12/02/2025 - 11:2130 ноябри соли 2025, тахминан соати 18:45 дақиқаи вақти маҳаллӣ аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ аз ҳудуди деҳаи Рузваяки вулусволии Моҳи Майи вилояти Бадахшони Афғонистон ба кормандони ширкати роҳсозии «China Road and Bridge Corporation» дар деҳаи Шодаки ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар натиҷа ду шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳалокат расида, 2 шаҳрванди кишвари мазкур ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
ВОКУНИШ
Душ, 11/24/2025 - 14:28ВОКУНИШ
«Ёддоштҳо»-и донишманди бузург, сиёсатмадори варзида С.Ятимов имрӯз китоби саридастии аҳли дониш гаштааст ва хушбахтона, дар саҳифаҳои фейсбукӣ ҳам намунаҳои он ҷой дода мешаванд, ки хеле хонданбобанд.
Ба қариби ёддоште аз вохӯрии муаллифи китоб бо як шахси хеле самимиву паҳлавони номии ноҳияи Рӯшон – Девлохпаҳлавон дар саҳифаи фейсбукӣ хондам, ки бо истеъдоди хосаи нависандагӣ рӯйи коғаз оварда шудааст. Бо забони хеле соддаву зебо, тасвирҳои хеле аҷоиб ва мақсади хеле наҷиберо ба қалам додааст.
ЗИЁИЕ ОЗОДИХОҲ, САРАФРОЗ ВА ШАРАФМАНД
Ҷум, 11/14/2025 - 15:18АЗ ДАФТАРИ ЁДДОШТ
Саймумин ЯТИМОВ
ЗИЁИЕ ОЗОДИХОҲ, САРАФРОЗ ВА ШАРАФМАНД
Дар байни қишлоқҳои Вознавд ва Деҳи Рӯшон як мавзеи ниҳоят хатарнок, бо номи «Гардиши Наврӯзалӣ» вуҷуд дошт.
Ҳисоб кардаанд, ки дар муддати истифодаи роҳ, фақат дар ҳамин қитъа, садҳо мошин бо мусофир ва бору бандашон ба коми дарё фурӯ рафтаанд.
Як рӯзи зимистон сардори шуъба маро даъват карда, фармон дод:











