ИҚТИБОСҲО АЗ СУХАНРОНИҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ МУАЗЗАМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОИД БА ҶАВОНОН, ЭЪТИМОД БА ҚУВВАИ СОЗАНДАИ ОНҲО ВА ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТА

•«Танҳо ҷавонони солиму бардам, тавонову қавӣ ва далеру шуҷоъ меҳру муҳаббати Ватанро қадр карда, бо рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳӯ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ амнияту оромӣ ва суботи кишварро таъмин карда метавонанд».

•«Сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон ин, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои муосир ҷиҳати худташаккулёбӣ, эътиқоду садоқат ба Ватани маҳбуб, амалигардонии ҳадафу нақшаҳои дарпешистода, таълиму тарбия ва маърифатнокии комил, дар ниҳоди онҳо парваридани ҳисси худшиносиву ватандорӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон мебошад».