ПАЙМОНИ МИЛЛӢ ДАР САҲА

Аз расонҳои хабарӣ маълум аст, ки имсол низ нишасти матбуотии САҲА дар Варшава баргузор гашта дар он ҳизби терористию экстремистии ҲНИ иштирок кард.

Ин ифротгарон дар рӯй ниқоби исломро кашида корҳои ғайри мусулмониро мекунанд ва оташи низоъро дар байни мардум ҷорӣ месозанд. Хушбахтона ин ниқоб дигар чеҳраи онҳоро пӯшонида наметавонад. Ин ғуломони ҳалқабаргӯш ифротгароне мебошанд, ки дар сарзамини муқаддас ба дунё омада ба воя расидан ва билохира хиёнати бузургеро ба хоки Ватан, ва аҷдодони хеш кардаанд. Мардуми шарифи тоҷик имрӯз кадом мақсад доштани ТЭТ ҲНИ ва фаъолияти пасипардагии онҳоро хуб медонад. Аслан ин ҳизби терорист оромӣ, тинҷию осуда зиндаги кардани мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлолро намехоҳад. Онҳо оромии сиёси, Ваҳдати миллӣ ва шароити иҷтимоии хубе, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон овардан дидан намехоҳанд. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавон ва барои ваҳдати миллӣ талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошад. Мо низ рафтори ин ҳизб ва созмоне, ки ин ҳизбро дастгири менамояд маҳкум менамоем.

Агар ташкилоти САҲА ҳизби ТЭТ ҲНИ-ро дастгирӣ намояд пас эътимоду боварии халқи тоҷикро аз даст медиҳад.

Дар ин нишаст, ки аъзоёни ҲНИ ҳамчун “паймони миллӣ” худро дар назди омма озодандешу ҳақиқатҷӯ нишон дод, аз тарафи намояндагони ҳукумат хулосаеро дарёфт намудем.  Узви ҳайати давлатии Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшава Абдуллои Раҳнамо арз намуд ки «Дар «Паймони миллӣ»-е, ки мухолифон ташкил кардаанд, ман на паймонро мебинам, на миллиро. Зеро Паймон ҳолатест, ки чанд ҳизбу гурӯҳ ба ҳам омада, ташкил медиҳанд. Аммо ба ном «Паймони миллӣ»-и мухолифин танҳо аз чанд ном, номи ба истилоҳ «устодон» ташкил ёфтааст, ки он созмон буда наметавонад. Чунин ном ноҳодан ба ҷамъи чанд тан аз ҳамроҳони худ – ин фиреби назар аст. Миллӣ будан ба маънои фарогир будан аст. Вале дар ин ҷо ин ҳолат дида намешавад…».

Ба назари Абдуллои Раҳнамо, ин як лоиҳаи тиҷоратӣ аст, ки ҳадафаш ба даст овардани маблағ аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои гуногун, пеш аз ҳама, кишварҳои хориҷии пуштибони наҳзатиҳост. Ба ин далел ӯ мегӯяд, ки ин лоиҳаи тиҷоратӣ буда, заминаро барои ба даст овардани грантҳо ва маблағҳо фароҳам мекунад.

 

Ҳеҷ овозе нест