ТЭТ ҲНИТ ҳамчун ҷинояткори байналмилалӣ мемонад

Дар тӯли 5 соли аввали соҳибистиқлолии  Тоҷикистон, ки ҲНИТ – чиён дар саросари кишвар «инқилоби исломӣ» ташкил карданд, 150 ҳазор сокинони Тоҷикистонро куштанд, даҳҳо ҳазор кӯдакон ятим монданд. Беш аз 2 миллион шаҳрвандон бар асари инқилоби ҳизби шайтонии ҲНИТ бехонумон ва дарбадар шуданд, ҳисороти хоҷагии халқи кишвар зиёда аз 7 милиард доллари амрикоро ташкил медиҳад. Тавассути ин бадбахтиҳо, ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистон роҳандозӣ кард, зарараш ба таълиму тарбия, ба маънавиёти мардум, ба қувваи зеҳнии ҷавонон, ба одобу ахлоқ, ниҳоят ба ҳама сохторҳо ба таври манфӣ асарашро гузошт.

    ҲНИТ – чиёни зархаридӣ, дини мубини исломро барои худ сипар нишон дода, барои роҳандозӣ кардани ҳамаи нақшаҳои палидонаи хеш аз ҳеҷ кори сиёҳашон даст намекашиданд. Барои ин ҳазорҳо нафар ҷавонони кишварро гумроҳ карданд, ки онҳо ҳам дар ҳисоби зиндаҳо нестанд. Шоире  ҳам бисёр хуб гуфта:

      Марг он набувад, ки гӯру чӯбам кунанд,

      Раҳгум задан дар зиндагонӣ марг аст.

   Пас маълум мешавад, ки ин ҲНИТ – чиёни динситез талаботи воқеъӣ ва росдини исломи покро ба хотири пулу пайсаи ҳарроми хоҷаҳояшон поймол карданд. Надонистанд, ки ҳатто Пайѓамбари Худо Муҳаммад (с) дар ҳадиси муборакашон беҳуда таъкид накарда будааст, ки «Ҳар суннате, ки боиси тафриқа дар байни мусалмонон мешавад, ҳаром аст». Пас  ту Кабирӣ, ки як зумра беақлиҳоят шудӣ, росташ беимон будаӣ, на Худоро мешинохтаи ва на Пайѓамбарашро. Имрӯз тую ту баринҳоро дар Тоҷикистон наѓз шинохтаанд. Дониста бошед, ки барои ту барин сиёҳкорони миллат, ки дасту поятон то оринҷу зону дар хуни ҷавонони кушташудаи тоҷик тар шуда аст, Тоҷикистон бароятон ҳеҷ гоҳ ватан буда наметавонад. Аз ин лиҳоз тую ту баринҳоро зиндаи дар гӯр ҳисоб мекунам.  Акнун, то марги воқеиятон сун6 мори саркуфта талвоса мекунед. Ва ҳатман мисли зани хиёнатпеша шармандавор хоҷаҳоятон                 рӯзе талоқ ҳам хоҳед гирифт.

                                                                                     А. Маҷидзода.

Ҳеҷ овозе нест