Ҳизби исломӣ бидъат ва ҳаром аст

Ба номи Худо! Маълум аст, ки дар кишвари мо, ки бунёди ҷомеаи демократиро ихтиёр кардааст, тибқи Сарқонун бисёрҳизбӣ роиҷ аст. Мо на муқобил ва на тарафдори ҳеҷ аҳзоби сиёсӣ нестем, аммо вазифаи хеш медонем, доир ба таъсиси аҳзоби сиёсии исломӣ аз нигоҳи ислом, шариат ва ҳадисҳои Расули акрам сухан бигӯем.

Боби 1. Ҳизби исломӣ-Террор алайҳи ислом

Пӯшида нест, ки баъзе аз давлатҳои абарқудрат ва таррроҳони сиёсии онҳо дақиқан дарк кардаанд, ки бо баҳонаи озодӣ ва демократия дар кишварҳои мусалмоннишин, бо фишор ва таҳмил бар болои ин давлатҳо ва бо кӯмакҳои модӣ, бо дасти зархаридони дохилӣ, ба хотири заъиф сохтан ва пароканда сохтани мусулмонон, таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии исломӣ айни муддаост. Ин як навъ террори расмӣ ва расидан ба аҳдоф аст. Ҳатто дар баъзе кишварҳои исломӣ бо фишори давлатҳои хориҷӣ ҳизб ва ташкилотҳои расмии исломӣ таъсис доданд, яъне дар дохили ислом боз ислом сохтанд, ки аз рӯи мантиқ ва ақл созгор нест! Дар кишварҳои ғайриисломӣ таъсиси ҳизби исломӣ ҳаром ва бидъат буда, ягон далели сареҳ ва равшан дар Қуръон ва ҳадис ва амалкарди бузургони гузашта дар ин боб вуҷуд надорад. Раҳбарони аҳзоби исломӣ аз роҳи суханпардозӣ ва хаёлбофии худ ва таъвил ва фаҳм ва бардошти нодуруст аз Қуръон ва ҳадис, аъзои худро дар зери ваҳм ва гумон нигоҳ медоранд. Масалан, Ҳизби Наҳзати исломи Тоҷикистон қаблан дар интернет суханронии Мулло Абдураҳими Кӯлобиро, ки қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷаласаи ноҳиявии ҳизб сабт шуда буд, пахш кард. Мулло Абдураҳим ояти 104, Сураи Оли Имронро нодуруст тафсир ва таъвил карда, ба аҳли толор муроҷиат менамояд:

- Мисдоқи ин оят шумо ҳизбиҳо ҳастед.

Дар ҳоле, ки муфассирони бузург дар тафсирҳои хеш ин оятро чунин тафсир карданд:

- Мурод аз ин оят уламо ва донишмандон аст.

Яъне, уламо ва донишмандон, на он ашхоси бесаводи дар толор нишастаанд, ки ҳатто аз камтарин ҷузъиёти ислом бехабар буданд.

Боби 2. Ояту ҳадисҳоро таҳриф мекунанд!

Роҳбарони ҳизбҳои исломӣ ба хотири расидан ба аҳдоф ва ғаразҳои сиёсии хеш қасдан оятҳоро барғалат тафсир карда, пайравони худро дар атрофи худ нигоҳ  медоранд. Мулло Абдураҳим билохира ҷавонмардона иқрор шуд ва дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли дин чунин фармуд:

- Мо хато кардем. Шумо хатои моро пайравӣ накунед.

Ҳаққо, ки ашхоси оқил аз хатои дигарон панд мегирад ва меомӯзад. Роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ аз эҳсосот ва муқаддасоти динии мардум сўйистифода карда, дар миёни ҳалқаҳои ибтидоии худ, ки мардуми деҳнишин ва содалавҳанду аз ислом огоҳии кам доранд, бо ин суоли пурмакр хитоб мекунанд:

- Оё шумо дар давлати исломӣ ва дар зери қонунҳои Қуръон зиндагӣ кардан намехоҳед?

Албатта, дар ҷаласаҳои хусусӣ аъзои худро ба дигар тариқ саргарм месозанд. Аммо дар маъракаҳои умумӣ гулӯ пора карда мегӯянд:

- Ҳоло мо барои давлати исломӣ сохтан омода нестем.

Бо ин суханпардозиҳо мехоҳанд, ҳар 2 ҷонибро дар ғафлат гузоранд.

Боби 3. Бидъати ҳизбҳои исломӣ

Мо таъсиси ҳизбҳои сиёсии исломиро бо далелҳои зайл бидъат ва амри номашруъ медонем.

-Мабошед аз онҳое, ки дини худро пора-пора карда ва худ гуруҳ-гуруҳ шуданд ва ҳар гуруҳе ба он чӣ назди ӯст, хушҳол аст. Сураи Рум. Ояти 32.

Мутаассифона, ҳизбҳои сиёсии исломӣ ҳаммаслакони худро ба мусалмони комил ва пайравони ҳақиқии ислом ва дигаронро ба гумроҳон таъбир ва тақсим карда, дари фитна ва ошӯро ба рӯи мардум боз ва онҳоро ба қасди ҷони ҳамдигар меандозанд. Мо сухан ба дарозо намекашем ва ба хонанда муроҷиат мекунем, ки ояти зайл ва ҳадисҳои зерин муроҷиат намояд:

Оли Имрон, 105. Анъом. 159.  Саҳеҳ Албухорӣ 7054-2697, Саҳеҳ     Муслим ҳадиси 1852-1718

Бузургони асри авали ислом дар байни мусалмонон аҳзоби исломӣ таъсис накарданд ва онҳоро 2 пора сохта дар муқобили ҳамдигар нагузоштанд, зеро ҷудоиандозӣ ва тафриқасозӣ ҳаром аст. Ҳазрати Муовия 20 сол волии мулки Шом ва 20 сол халифа, ҷамъ 40 сол зимомдори умури мамлакат буданд, аммо касе аз саҳобагон бар муқобили ӯ ҳизб ё созмон ташкил накард.

Ҳатто вақте Ҳаҷҷоҷ Юсуфи золим ҳукм меронд, ки Расули Худо дар ҳақаш ҳеҷ як саҳоба дар муқобили ӯ гуруҳбозӣ ва аҳзобе ташкил накарданд, зеро он мусулмононро аз ҳам ҷудо ва пароканда месохт.

Ва ин ҳамон Ҳаҷҷоҷест, ки пайғамбари Худо дар ҳаққаш гуфта буданд:

Бидуни шак дар Сақаф (номи шаҳр) 2 мардест, яке каззоб-Мухтори Сақафӣ, дуввум мубир (қотил ва ҳалоккунандаи мардумон).

Мурод аз дуввумӣ Ҳаҷҷоҷ аст, ки дар соли 74-и ҳиҷрӣ 120.000 мусулмонро ба қатл расонд ва Хонаи Худоро бо манҷаниқ хароб кард.

Боби 4. Эмоми аъзам ҳизб надошт…

Таълимоти Имоми Аъзам, касосгузори мазҳаби ҳанафӣ, ки мо алҳамдулиллоҳ хешро шомили ин мазҳаб медонем, роҳу равиш ба таҳаммулгароӣ ва суботи сиёсӣ ва ҳамбастагии мардумро пеша месозад. Эмоми мо, ҳеҷ гоҳ дар муқобили халифаи давр Абу Ҷаъфари Мансур гурӯҳ ё ҳизб ташкил накард, то мардумро ба тафриқа наандозад. Аслан ҳизбҳои сиёсии исломӣ, ки дар корхонаи фитнаистеҳсолкунӣ бо даст ва нақшаи душманони ислом ба вуҷуд меоянд, ҳадафи барҳам задани иттиҳоди мусулмононро дошта, дар асри ХХ тарҳрезӣ ва роҳандозӣ шуданд. Ислом ин амалро бидъат (навоварӣ дар дин) медонад. Чунонки Имом Албухорӣ дар «Саҳеҳ»-и худ аз Расули Худо ривоят мекунад:

- Ҳар кӣ дар шариати мо чизе, ки ҷуз он нест, ворид ва изофа намояд, он чиз мардуд аст.

Боби 5. Паямбар (с) зидди ҳизб (ҷудоихоҳӣ) буданд

Паямбари Худо ҳамеша бо мардум буданро ба умматони хеш таъкид менамуд. Ашхосеро, ки аз ҷомеа худро канор гирифта, андешаи тафриқаандозиро таҳрик мекунанд, аз доираи ислом хориҷ медонад. Чунон ки Имом Аҳмад ва Абудовуд бо санади саҳеҳ аз Расули Худо ривоят карданд:

- Касе, ки як ваҷаб аз ҷамоат хориҷ шавад, ресмони исломро аз гардани худ боз карда, дур андохтааст.

Раёсати ҳизби Наҳзати исломи кишвар, ки ояти 103-и Сураи Оли Имронро дар парчам ва нашрияи ҳизби хеш «Наҷот» шиор қарор додааст, дар мафҳуми «ва ло тафаррақу» (ва пароканда машавед) андешаи комил накардаанд, ки бо ин шиор ба мардум худ парокандагӣ меоранд? Шарму ҳаё ҳам хуб аст! Аъзои ҳизби наҳзати ислом бо ин хешро аз дигар мусулмонон ҷудо намуда, бо шиорҳои авомфиребона мардумро ба иттиҳод ва ҳамбастагӣ даъват мекунанд. Агар нафаре, андешаи онҳоро напазирад ва зид барояд, бо ҷудоиандозӣ ва тафриқахоҳӣ муттаҳамаш мекунанд. Хеле мехостем, аз раёсати ин ҳизб суол кунем, ки агар ҳизби сиёсии исломӣ зарурат ва машруиёти динӣ дошта бошад, чаро хоҷагони шумо дар кишварҳои хеш иҷозаи фаъолияти аҳзоби исломӣ, хусусан аҳли суннатро намедиҳанд? Мо ба тамоми шаҳрвандони кишвар муроҷиат намуда, мегӯем, ки чашми хирад боз кунанд ва аз ин фитнаву фитнасозон хешро канор гиранд. Таълимоти мазҳаби ҳанафия ҳамеша таҳаммул ва хирадро дар ҷои аввал гузошта, мардумро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ даъват мекард. Нагузоред, ки аз номи Худову Расул шуморо бозичаи дасти хеш карда, барои расидан ба аҳдоф ва ғаразҳои сиёсии хеш суистифода кунанд.

 

Эшони Фахрузамон (Муҳибулло Ғуломов),

шаҳри Душанбе

 

 

Ҳеҷ овозе нест