КАБИРӢ, БИРАВ АЗ МО АБАДӢ!

Кабирӣ! Рав, ба он ҷое ки касеро намешиноси ва касе туро намешиносад. Рав, то руятро дигар набинам. Аз оне ки мардуми содалавҳеро дар атрофат ҷамъ намудию афсонаи нотамоматро то ҳол тамом накардаӣ. Бас кун хондани ин афсонаатро!

Бимон, ки шунавандааш хезаду аз аҳволи зану фарзандаш бохабар гардад. Бимон ки хезаду бинад ба чашми худ, ки модари пираш об мегӯяд. Бимон, ки бишнавад он хандаҳои ширини тифли навдавонашро. Бигузор ҳис кунад бӯи диёрашро. Бигузор бо ду дасташ боғ кунад, мева кунад, ба хурду калони деҳааш хайр кунад, хонааш обод гардад!

... ки шояд он даме фаҳмад,

-...рӯзе буд, мешунидам афсуни Кабириро. Қариб буд, ки мегаштам чун қаҳрамони нонавишта, нописандидаю нодида нақлҳои ифротангези Кабириро. Ва шояд мерасад рӯзе ки мекандаму мебуридам зи худ  тилисми он Кабириро. То ки гардам ба назди хешу дӯстонам.  Бишинем дар лаби ҷуйбор, ба зери сояи беди поёни хона.  Ки шояд мешавад рӯзе ки биншинаму бинӯшам аз оби чаҳи ҳавлии очам. Кунам шукрона  ки имрӯз дар назди хешу ақрабоям. Осудаюм хушҳолам. Хоби ширин дорам, дар бари аҳлу фарзандонам. Кунам шукрона зи он ман наям дигар, ки гашта будам як даме афсуни сафсатаҳои Кабирӣ.

Кабирӣ, рав зи мо! Рав, ки инҷо бе ту амну сокит аст. Кабирӣ, рав ба биёбоне, ки онҷо нест шахсе, то мубталову сарсони ҳоли ту гардад. Зомини ҳар як фиребхӯрдаи пайравонат бар сарат гардад. Ҳамон хуни ҳаромат нолаи сусмору ақрабҳои биёбон гардад. Барои зоғу лошахӯрон он биёбон тӯйхона гардад.

Кабирӣ! Ту кардӣ моро бехона! Ту кардӣ моро сарсону саргардони ин дунё! Наё дигар ба ин дунё! Ба ин дунёе, ки ман сулҳ мехоҳам! Мехоҳам бозгирам он ниқобамро. Ниқоби сохтаю бофтаи он дастони нопокатро!

Мехоҳам бозгардам... мехоҳам  боз бинам он диёри бошукӯҳамро. Мехоҳам боз хонаму бигӯям панду ҳикматҳои ниёгонамро. Мехоҳам чун далеру қаҳрамонони ватан гардам . Мехоҳам парчам афшонам барои номуси миллат. Мехоҳам  бозгардам...                                                                                                  Мехоҳам бозгардам...

 

Яке аз фиребхурдаҳои Кабирӣ.

Ҳеҷ овозе нест