ҶАВОНОНИ ВАТАНПАРВАРИ ВОРУХ

Ворух, ки яке аз ҷамоатҳои шаҳри Исфара ба ҳисоб меравад ва ҳамчун як пораи замини Тоҷикистон дар қитъаи Қирғизистон ҷойгир шудааст.  Ба ҳамагон маълум аст, ки чи гуна имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехонему мешунавем ва бисёре аз фаъолони интернет бо қаҳру ғазаб менависанд: “...ба Ворух меравем... ҷанг мекунем... шумо низ паронед... кушед...” ва ғайра чунин нидоҳои фитнаангезро менависанд. Хусусан гурӯҳҳои мухолифин низ аз ҳар тараф баромад  карда, дар ин низоъҳо боз Ҳукумати Тоҷикистонро гунаҳкор мекунанд. Яъне, ба гуфтаи онҳо –чаро ҳукумат хомӯш аст? Чаро ҳукумат ягон чора намеандешад? Чаро дигару дигар...? гӯён аз ҳар тарафу минбар овоз баланд менамоянд.

Аз ҳамин лиҳоз нидо бар он касоне ки як таъриху гузаштаи худро надониста, бо ҳар суханҳои иғвоангезонаашон мехоҳанд ки Ҳукумати тоҷик тиру туп гирифта вориди Ворух гардад? Ҳаргиз ин фикрро ба ёд наоред ва умед ҳам нанамоед!

Албатта ҳукумати ҳар ду тараф нағз медонанд, ки моҷарои Ворух аз чи оғоз ёфтааст. Чи гуна ҳалли ин мушкилиро пайгирӣ доранд. Дар ин лаҳзаҳо ҳар яки мо бояд дурандешона фикр намуда, сухан гӯем. Гарчанде дар миллати мо якчанд талафоту маҷруҳӣ шуда бошад ҳам, ин маънои онро надорад, ки мо тоҷикон метарсем. Не албатта. Мо метарсем аз оне ки ҷанги ду деҳа ба ду давлат табдил нагардад. Худо накунад рузеро, ки агар фитнаи ду деҳа ба ду давлат бархезад, шояд халқи ин деҳаи Ворух худро набахшанд. Чун мардуми ин деҳа рафтору одате доранд, ки шояд дар баъзеи мо чунин набошад. Низому интизом, шарму ҳаё, тарбияти фарзандон, меҳрубонӣ ва дигар рафтору одатҳои ин деҳа ба ҳамагон маълум аст, намунавист. Аз ҳамин сабаб худи истиқоматкунандагони ин деҳа оромтабиату одиланд ва намехоҳанд бе фармону амри як роҳбар кореро аз пеши худ пеша намоянд.

Ҳисси ватандӯстии ҷавонони ин деҳаи Ворухро бинед. Дар рӯзи якуми даъватшавандагон ба сафи хизмати ҳарбӣ ҷавонписарони ин деҳа 165% иҷрои нақшаи солонаро адо намуданд, ки ни дар ҷумҳурии мо албатта рекорд аст. Ин аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷавонони ин деҳа ватанпарвару миллатдӯстанд.

Хонандаи гиромӣ, хоҳишмандем ки дар ин давраи мушкили геополитикӣ, тамоми мардуми тоҷик ба эҳсосот дода шудаанд, ба суханҳои ҳар касу нокас гуш кардан лозим нест. Чун душман мехоҳад, ки дар Ворух нооромӣ бошад. Душман барои нестии миллати мо нуқтаи сустиро мекобад. Мо бояд эҳтиёт бошем. Касе бояд аз эҳсосоти мо истифода бурда натавонад. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Тоҷиддин, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест