САРҲАДИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ
Чуноне, ки ба мо маълум аст, шоми 16-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона хунин сар зад, ки чаҳор қурбонӣ дошт. Дар ин ҳодиса се марзбони тоҷик ва як марзбони қирғиз кушта ва чандин нафари дигар захмӣ шуданд. Ду тараф якдигарро ба тиркушоӣ муттаҳам карданд. Мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи музокироти ҳайатҳои ду ҷониб нерӯҳои худро аз марз пас кашидаанд.
Берун кашидани нерӯҳои изофӣ аз марз аз ду тавофуқи аслии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аст. Бар асоси тавофуқи пешакӣ, ки рӯзи 18-уми сентябр ба даст омад, ду ҷониб муваззаф буданд нерӯҳои изофӣ ва техникаҳои ҷангиро аз минтақаи марзӣ берун баранд.
Инчунин бар асоси тавофуқ Қирғизистон дидбонгоҳи назоратии худро вайрон мекунад ва Тоҷикистон аз бунёди дидбонгоҳ даст мекашад.
Ингуна ноамниҳо дар сарҳади қирғизу тоҷик пайдарпай рух дода истода аст, ки барои мухолифини тоҷик як баҳонаи тайёр аст, ки дар ин ҳодисот албатта ҳукумати Тоҷикистонро неруи заиф ҳисобида, айбдор менамоянд.
Аммо дар таърихи 11уми сентябри ҳамин сол ин навбат сокинони қирғиз бо низомиёни узбекон вориди даргирӣ шуданд. Дурусттараш дар қисмати сарҳади Қирғизистону Узбакистон дар минтақаи обанбори Керкидан миёни сокинони маҳаллӣ ва артиши Узбакистон муноқиша рух додаст. Пеш аз ин муноқиша намояндагони Қувваҳои мусаллаҳи Узбакистон, ба кашидани симхори сарҳад шурӯъ карданд. Аммо ин иқдоми низомиёни узбак боиси норизогии сокинони наздимарзии Қирғизистон шуд, ки дар натиҷа миёни ду ҷониб муноқиша бархост. Низомиёни Узбакистон мегӯянд, онҳо дар маконе хостанд симхор гузоранд, ки пас аз созишномаи дуҷониби ба ҳудуди кишварашон дохил мешуд. Аммо сокинони қирғиз бар инанд, ки макони мазкур то ҳол аломатгузорӣ нашудаст ва онро набояд ҷонибе ба мансубияти кишвари худ шомил кунад.
Пас, мухолифини тоҷик аз дур истода дар муноқишаҳои узбеку қирғиз чи фикр мекунад?





