ПАЙМОНИ МИЛЛӢ ВА АЪМОЛИ НОАЁНАШ
Дар таърихи 9-уми сентябри соли равон дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшава роҳбарони ҷиноятпешаи ТТЭ ҲНИ ва баъзе афроду созмонҳои дигари зиддимиллӣ гӯё дар алоқамандӣ ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эътилофи якчанд ниҳодҳои ифротгаро ва худхонда бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” созмон дода шуд. Бояд гуфт, ки ТТЭ ҲНИ бо назардошти заъфи нерӯи худ таъсиси эътилофи нави тамоми гурӯҳҳои оппозитсиониро аллакай аз ибтидои соли 2016 ба нақша гирифта буду дар ин росто бо истифода аз тамоми иқтидор ва имконоти худ пайваста талош меварзид, аммо бинобар сабаби паймоншиканиҳои хеш дар мавриди фаъолияти ИНОТ, яъне эътилофи қаблан таъсисдодаи худ дигар натавониста буд, ки тамоми нерӯҳои дигарандеши тоҷикро зери чатри ягона ҷамъ оварад.
Чанд моҳе пеш ТТЭ ҲНИ ва ба вижа роҳбари он М.Кабирӣ дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамчун ташаббускори аслии таъсиси чунин эътилоф бо ирсоли даъватномаҳои бешумор хеле талош карда буд, ки дар нишасти банақшагирифтаи хеш теъдоди ҳар чӣ бештари тоҷикистониёни бурунмарзиро ҷамъ оварад ва дар ин замина эътилофи худро созмон диҳад, аммо бар хилофи интизориҳо ва саъйю талошҳои чандинмоҳаи Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ бархе аз афроду ниҳодҳои мухолифандеши тоҷик на фақат дар ин ҳамоиш иштирок накарданд, балки расман мухолифати худро нисбат ба баргузории он нишаст ва ҳамчунин таъсиси дигарбораи ИНОТ изҳор доштанд. Маҳз ҳамин мавқеъгирии устувору мушаххаси онҳо ба “ташаббускорон”-у “бунёдгузорон”-и эътилоф имкон надод, ки ҳадафҳои аз қабл матраҳкардаи худро дар муддати кӯтоҳ ба осонӣ амалӣ намоянд. Аммо М. Кабирӣ бо вуҷуди дарки ин вазъият ва донистани чунин нуқтазаъфи худ даст аз таъсиси эътилоф накашид. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро ТТЭ ҲНИ бо вуҷуди иддаоҳои мутантану баландпарвозонаи хеш дар хусуси он ки гӯё аксарияти афроди ҷомеаи Тоҷикистон аслан аз мавқеи ҳизби онҳо ҷонибдорӣ мекунанд, боз ҳам ба дастгирии дигар гурӯҳҳои оппозитсионии тоҷик ниёзманд будани худро ошкоро дар намоиш гузошт?
Баъзан мешунавем, ки масъулини ТТЭ ҲНИ ҳини мусоҳибаҳову нишастҳо дар хориҷи кишвар гурӯҳи сиёсии худро яке аз ду қутби тавозуни истиқрори сулҳ ва кафили ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд ва ба ин васила ҳушдор додан мехоҳад, ки дар сурати ба эътибор нагирифтани мавқеи онҳо чанбараки амну субот дар ҷомеаи мо мувозинати худро гум хоҳад кард. Ин ғайр аз ҳангомасозӣ ва бузургтарошӣ чизи дигаре нест, зеро ТТЭ ҲНИ на фақат акнун, балки ҳатто дар даврони ҳассосияти вазъи сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта низ натавониста буд ҳадди ақал шинохтатарин рӯҳониёни кишварро дар сафҳои худ ба ҳам оварад. Гузашта аз ин ТТЭ ҲНИ натавониста буд сабаби сарҷамъии ҳатто рӯҳониёни ИНОТ гардад. Пас чӣ гуна метавон муътақид шуд, ки ин ҳизб хостаҳои оммаи васеи мардумро дар кишвар муаррифӣ мекунад ва намояндаи як қисми мардуми Тоҷикистон аст? Бидуни шубҳа ин ҳизб фақат як ҳизби хонаводагӣ аст, ки дар сатҳи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвари мо куллан мавқеъ надорад. Таъсиси “Паймони миллӣ”-и кунунии онҳо бо ин ҳайати камзарфият далели дигари равшане бар дурустии ин гуфтаҳост.
Чаро феълан ҳайати раҳбарӣ ва намояндагони ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар дар такя ба сарпарастони манфиатҷӯи бурунмарзиашон, ки аз рӯи таоруф худро бо мардуми тоҷик бародар мехонанд, моҷароҷӯӣ карда такрори ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро дар Тоҷикистон талабгор ва умедворанд? Оё ин гуна пиндор ва рафтори бадхоҳонаи онҳоро нисбат ба Ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи исломӣ донист? Албатта не! Ҳақиқати ин масъала ошкор аст. Ин ҳақиқат, яъне номутобиқатии аъмоли ифротгароёнаву тундравонаи намояндагони ТТЭ ҲНИ ба меъёрҳои ахлоқи инсониву исломӣ аз ҷумла барои худи муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст. Аммо барои ин муддаиён ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо аслан на дар паи ҳақиқат, балки дар паи манфиат мебошанд. Зеро онҳо худ абзори сиёсии дигаронанд ва дину мазҳаби худро низ сиёсӣ кардаанду ба абзори сиёсии дигарон табдил додаанд.





