ДАВИДАНИ КАБИРӢ ТО КАҲДОН

Вақтҳои охир чунин ба мушоҳида мерасад, ки роҳбарону намояндагон аз пайравони ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ аз сабаби дарки заифии худ дар роҳи рақобатҳои сиёсӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун “умеди охиринсуистифода мекунанд. То ҳол наҳзатиён аз ҳимояи ислому ҳифзи арзишҳои исломӣ сухан мегуфтанд , аммо якбора пӯстини худро чаппа пӯшида “демократияхоҳ” гаштаву шиорҳои тамоман наверо барои худ интихоб карда­анд. Сабаби ин тасмими онҳо маълум аст. Ҳоло Ав­рупо баъди даҳҳо ҳодисаҳои террористӣ дар хоки ин сарзамин, фаъолиятҳои тахрибкоронаи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ки ҳамагӣ бо номи ислом ва “дар роҳи ислом” анҷом дода шуданд, дар муноси­бат бо раванде чун ТЭТ ҲНИ муносибати эҳтиёткорона нишон медиҳад. Кабириву ҳаммаслаконаш дарк кар­данд, ки ТЭТ ҲНИ ҳамчун ҷараёни дингаро дигар наме­тавонад бо он барномарезӣ ва ҳадафҳое, ки дар асоси оинномаи худ дорад, дар марзи Аврупо фаъолият дошта бошад. Таъсиси “Пай­мони миллӣ” аз ҷониби чанд тан аз пайравони худи ТЭТ ҲНИ гувоҳи ин гуфтаҳост.

Аслан, ҳар гуна тағйири ниқоб аз ҷониби наҳзатиҳоро ҳамчун ҳодисаи нав қабул кардан шояд чандон дуруст нест, зеро онҳо дар тӯли фаъолияти худ ҳатто се ма­ротиба мавқеи имонии худро тағйир додаанд…

Аз ин хотир, ҳоло мехоҳанд, ҳадафҳои ифротии худро, ки таблиғи мазҳаби шиаи дувоздаҳимома ва марҳила ба марҳила ташак­кули ғояи инқилоби исломӣ мебошад , бо роҳҳои ди­гар ва номҳои нисбатан “за­монавитар” амалӣ созанд. Ташкили чунин “ҳамоиш”-у “гирдиҳамоиҳо” ҳам танҳо ба хотири ҳисобот, ба он хотир аст, ки маблағгузорону хоҷагони молиявию ғоявии худро бовар кунонанд, ки наҳзат фаъолият карда ис­тодааст.

Чунин нишасти шарман­даворро ТЭТ ҲНИ имсол дар шаҳри Дортмунди Олмон низ баргузор карда буд. Аз аксҳои интишоршуда аз рафти нишасти Дортмунд наҳзат мушоҳида мешуд, ки он дар як ошхона баргузор шудаву иштирокдоронаш ҳам ҳамагӣ аҳли оила ва назди­кони Кабирӣ буданд. Ҳатто дида мешуд, ки кӯдакони ноболиғи 8-10 сола дар раф­ти ин “ҳамоиш” гаштугузор доранд. Ба назар, аслан он ҳамоиш набуд, балки шояд наҳзатиён ба ошхонае ба­рои хӯрокхӯрӣ даромадаву онҷо чанд акс бардоштаанд ва дар ҳисоботҳои худ онро “ҳамоиш” дарҷ кардаанд.

Ҳоло ки бори дигар ТЭТ ҲНИ бо иддаоҳои беасосе мехоҳад тоҷикони муқими Аврупоро ба “тазоҳурот” даъват намояд, ҳамватанони азизи моро мебояд жарфтар аз ҳадафҳои шуми ин таш­килоти ифротию террористӣ биандешанд. Андеша аз он кунанд, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар хориҷ домест, ки раҳоӣ аз он кори басо мурак­кабу сахт аст. Андеша аз он кунанд, ки ТЭТ ҲНИ парвое аз тақдири онҳое, ки дар роҳи фаъолиятҳои тахриб­коронаи ин ҳизби ифротӣ қурбон шудаанд, надорад. Ҳамагӣ чанде пеш дар Ол­мон яке аз фаъолони ТЭТ ҲНИ Муҳаммадсаид Шехов, нафари наздик ба хонаво­даи муассиси ин ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дур аз Ватану оилаву пайвандон аз дунё гузашт. Магар аз ин муси­бат Кабириву сағириҳое ғам хӯрданд? Ҳаргиз не!. Кабирӣ, ки аз Нурӣ “устод” ном меба­рад, ҳатто марги хоҳарзодаи устодашро ба хонаводааш таслият нагуфт.

Аз Кабирӣ танҳо ҳамин гуна муносибатро интизор шудан мумкин аст. Аз нафаре, ки барояш чизе муқаддас боқӣ намондааст, на Ватан, на падару модар ва на оила…

 

Ҳеҷ овозе нест