БАДАХШОНРО ЭМИН МЕДОРЕМ

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти террористиву экстремистӣ: "Ҳизб-ут-таҳрир”, "Ал-Қоида”, "Ҳаракати исломи Туркистони шарқӣ”, "Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон”, "Ҳаракати исломии Узбекистон”, "Толибон”-и Афғонистон, "Бародарони мусалмон”-и Миср, "Лашкари Тайиба”-и Покистон, "Ҷомеаи исломии Покистон”, "Ҷамоати таблиғ”, ташкилоти динӣ-миссионерии "Созмони таблиғот”, "Тоҷикистони озод”, "Ҷамоати ансоруллоҳ”, "Салафия”, "Гурӯҳи 24”, "ДОИШ” ва "Ҷабҳат-ан-нусра” манъ карда шудааст.

Бадахшон, ки як мулки тинҷу ором аст, ин гурӯҳҳои террористӣ аз сустию аз сиёсат хабардор набудани ҷавонони ин қитъаи ватанамон истифода бурда, қисме аз ҷавононро гумроҳ намуда, ба худ моил кардаанд. Вақте ба воситаҳои оинаи нилгун мебинем, ки мардуми ин минтақа дар ободонии маҳалашон чи қадар хурсанду розианд. Лекин вақте ки дар шабакаи иғвоангезонаи Садои мардум, ки Гурӯҳи 24 ба уҳда дорад, дар вақти саволу ҷавоб дар минбар баъзан ҷавононе аз Бадахшон овоз баланд намуда, зидди давлату ҳукумат гап мезананд. Аз неъматҳои ба ин мулк насибгардида ношукрӣ менамоянд. Чунин ҷавонон то ҳол мушкилие дар сар надоранд ва бо якравию нофаҳмоии худашон бояд эҳтиёт шаванд, зирак бошанд, то ки фирефтае аз ин гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд.

Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба яке аз мушкилоти ҷиддиву тақдирсоз-таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992–1997 мебошанд. Маҳз фитнаҳои Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИТ ва фирефта шудани ҷавонон ба иғвоҳои онҳо боис гардид, ки ба ҳисоби расмӣ 160 000 сокини кишвар ҳалок шуда, ҳазорҳо нафар кӯдакон ятим гаштанд, ҳазорҳо нафари дигар аз гуруснагӣ ва истеъмоли ҳар гуна донагиву гиёҳҳо ба ҳалокат расиданд. Миллионҳо нафар сокини осоишта гуреза шуда, қисме дар Афғонистон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтода, нобуд гардиданд. Иқтисодиёти кишвар ба сифр баробар шуд, умеди ҷомеа аз ояндаи босаодату дурахшон канда шуда, халқ сарсону саргардон ва гуреза гашт, одамкушӣ ба мисли куштани чорво ба як амали маъмулӣ табдил ёфт...

Бо вуҷуди ҳамин гуна таҷрибаҳои талхи ҳаётӣ ҳанӯз ҳам ҳастанд бадхоҳони миллат, ки дини мардумро бар зидди мардум истифода бурдан мехоҳанд ва тавре тарғиб мекунанд, ки бо сӯистифода аз дин мардумро зидди давлату зидди ҳамдигар шӯронанд. Аммо миллати тоҷик ин фиребро дубора намехӯрад.

Бо назардошти ин ва дигар нишондодҳое, ки мардум бо ақли худ дарк кардаанд, дигар ин гурӯҳҳои ифротӣ сокинони Тоҷикистонро фирефта карда наметавонанд. Чанд ҷавони бетаҷрибаеро ҳам, ки гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ гумроҳ кардаанд, бовар дорем, аз чунин ҳаёти дарбадариву сарсонӣ ва ҳамчун хоин ном баровардан садҳо бор безор шудаанд.

Ҳеҷ овозе нест