ХИЁНАТИ КАБИРӢ БА УСТОДАШ - АБДУЛО НУРӢ
Шуру даъвое, ки имрӯз Кабирӣ бар сари мардуми тоҷик овардааст, ба ҳамагон маълум аст. Ӯ чи гуна ҳизбу ҳаракатҳои иғвоангезонаро ба зидди миллати худ ташкил кардаву чандин нафарони дигарро гумроҳ намудааст. Ӯ худро дар байни дигарон ҳамчун ҳуқуқшиносу таҳлилгар нишон медиҳад, Аммо, шахсоне ки ба ӯ гуш медиҳанду бовар мекунанд, ӯро барои худашон ҳамчун “устод” тарошидаанд. Ин гумроҳшудагон намедонанд, ки устодашон - Кабирӣ ба устодаш – Абдулло Нурӣ чи гуна хиёнат ба амонаташ кардааст. Дар ин бора шоҳиди ҳамон лаҳзаҳо, ки чи гуна Кабирӣ амалу аъмол дошт ва имрӯз ба чи гирифтор шудааст, нависанда Д.Назиров хуб ёдрас кардааст:
“...Моҳҳои июл-августи соли 2006 Нурӣ хеле бемор шуду ба хабаргириаш Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабирӣ омаданд, ки аввалӣ ҳам аз беморӣ ранҷ мебурд. Нурӣ бо мушкилӣ сӯҳбат мекард, аммо тавонист мавқеашро баён намояд, ӯ гуфт: «Умрам кам мондааст ва маро ояндаи ҳизб нигарон мекунад, метарсам, ки он аслиҳаи дасти мансабпарастон ва муртадон нагардад!». Вақте Нурӣ дар ин бора ҳарф мезад, ботинан умедвор буд, ки Маҳмадшариф Ҳимматзода номи писари ӯ-Муҳаммадҷон Саидовро, ки назди падар истода буд, мегирад. Аммо Ҳимматзодаи бемор то лаб во карду хост чизе бигӯяд, М.Кабирӣ дарҳол аз ҷой бархосту дасти Нуриро гирифта, бо садои баланд гуфт: «Устод, ман хизматгори бовафои Шумоям, ман ҳар як супориши Шуморо иҷро мекунам, ман ҳеҷ гоҳ дунболи даъво нестам ва ман ҳизби Шуморо ҳифз медорам…» Нурӣ бо чашмонаш Ҳимматзода, писараш ва Кабириро гусел карда гуфт: «Акнун ман оромам». Аммо ин ҳарфҳо бо сахтӣ гуфта шуда, эҳсос карда мешуд, ки орзуи эшон дар бораи мондани писараш дар роҳбарияти ҳизб барбод рафт, ва гумон аст, ки ин мансабпараст ҳизбро солҳои тӯлонӣ маҳфуз дорад…”
Акнун хонандаи гиромӣ ба он тавваҷҷӯҳ кун, ки чӣ гуна муртад М.Кабирӣ ба гуфтаҳои Нурӣ туф карду васияташро ҳамчун раиси ҳизб зери пой гузошт. Амалҳои Кабирӣ ҳеҷ гоҳ оқибати хуб надорад. Ин шуру ғавғояш оқибат ба зарари худаш бармегардад. Чунки ин мансабпараст кӯшиши мансаб карду, ба хотири хиёнаташ оқибат аз мансабаш монд. Фардо Худо хоҳад аз паймону ҳизбу ҳаракатҳое, ки номи дини мубини исломро истифода карда, ғасби ҳукуматро дар нақша мондаанд, бенасиб мегардад. Чунки дар китоби Имом Бухорӣ қайд шудааст, ки касе агар талоши мансаб кунад, Худованд ба ӯ мадад намекунад. Яъне Кабирӣ маҷбуран вазифаи роҳбарии ҳизби наҳзати исломро аз заифию бемории устодаш Нурӣ истифода бурд ва имруз ба чи аҳвол гирифтор шуд. Ҳамин аст натиҷаи мансабпарастии Кабирӣ.
Тоҷиддин, омӯзгор.