АЪЗОЁНИТЭТ ҲНИ - ГУМРОҲШУДАГОНАНД

Аъзоён ва гумроҳшудагони ТЭТ ҲНИ аз рӯзҳои нахуситини ташкилёбиаш душманиву ватанфурӯширо сар карда буданд ва то кунун душмани халқу миллит, душмани ваҳдату амният ва душмани фазои орому осудагии халқи тоҷик мебошад. Ин ташкилот саросар характери террористӣ ва ватанфурӯшии худро нишондод.

Шомилшудагони ин ташкилот дар даҳаи охири қарни гузашта хиёнатеро бар сари халқу миллат оварданд, ки аз замони пайдоиши инсоният дар руйи замин ҳеҷ душман ин кору рафторро нисбати миллати худ раво надидааст. ТЭТ ҲНИ вазъи ҳассосии сиёсати онвақтаро истифода намуда, мардумро ба гирдиҳамоӣ љалб намуда, ҳаргуна фикрҳои хоинонро паҳн намуданд ва дар охир ба гирдоби ҷанг кашиданд. Ин хиёнаткорони аъзои ТЭТ ҲНИ Ватанро ба бегонагон фурӯхтанд ба сари миллати худ нанг оварданд.

Рафтори ТЭТ ҲНИ барои ин миллат таъсири бади равониву ҷисмӣ ва ба руҳияи миллии мардум таъсири бад расонид, ки боиси бегонапарастӣ, бадбинӣ, яъсу ноумедӣ ва дар маҷмӯъ, хурофоту таассуби шадид гардид. Ҳамаи ин рафтору кирдори ТЭТ ҲНИ ҷисми миллатро захм дор намуда, сабаби марги ҳазорҳо нафар шаҳрвандон гардид.

Бояд инро изҳор намуд, ки дигар наметавонанд ин кӯрнамакони хоҷапараст бо ҳар гуна фикру ақидаи ғаризона, шаҳрвандони қавииродаи кишварро ба доми худ кашанд

Ташаббусҳои ғаразноки кунунии ТЭТ ҲНИ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати паҳн намудани афкори носолими худ пас аз қатъ гардидани фаъолияти он дар ҳудуди кишвар дар хориҷа бо дастгирии афроди гумроҳшуда ва бе маърифат зиёд ба мушоҳида мерасад. Айни замоне қишри осебпазири ҷомеа шаҳрвандоне мебошанд, ки таваҷҷуҳи хоса ба дин зоҳир менамоянд. Маҳз масъулини ТЭТ ҲНИ аз эътиқоди динии онҳо истифода намуда, нерӯи онҳоро алайҳи Ҳукумат истифода кардан мехоҳад. Дар ҳамин замина онҳо нақшаҳои ғаразноки хешро ҷиҳати тағйир додани сохти конститутсионӣ ва бунёди кишвари ба ном исломӣ дар хориҷи кишвар дар байни муҳоҷирони тоҷик роҳандозӣ намудаанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон фикру ақидаи ифротиву хиёнаткоронаи ТЭТ ҲНИ ба хуби дарк намуда ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки газанде аз онҳо ба Ватан расад. Имрӯзҳо бовари дар он дорем, ки ҷавонони соҳибмаърифату худогоҳи кишвар фирефта ва гирифтори доми ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мамнӯъ нагашта, баҳри боз ҳам ободтару шукуфонтар намудани Ватан камари худро устувор мебанданд.

 

Миёна: 6 (1 vote)