МУШКИЛИИ РОҲҲО БО ҚИРҒИЗ ҲАЛЛУ ФАСЛ МЕГАРДАНД
Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи равон имзо кард, қарори қаблӣ барои гирифтани молиёти экологӣ аз мошинҳои Қирғизистон ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон бекор гардид.
Пардохтҳои экологӣ барои мошинҳои Қирғизистон моҳи ноябри соли 2017 роҳандозӣ шуда буданд ва далели он ҳифзи ҳавои ҷумҳурӣ арзёбӣ шуда буд.
Аз ҷумла ҳаҷми пардохтҳои экологӣ барои мотосиклҳо 62 сомонӣ, воситаҳои нақлиёти сабукрав – 124 сомонӣ, мусофирбарҳои хурд – 250 сомонӣ ва мошинҳои боркашу автобусҳо – 300 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Ҷамъоварии маблағи мазкур ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон вогузор шуда, таъкид шуда буд, ки даромад аз он ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид карда шавад.
Бекор шудани ин қарор дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин танҳо 520 километр аломатгузорӣ шуда, боқимонда номуайян мебошад. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки дар марз муноқишаҳо миёни сокинони наздисарҳадӣ рух медиҳанд, ки баъзан бо ҳалокати одамон меанҷомад.
Тибқи иттилои Вазорат, мулоқоти мазкур, бо супориши Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон барои баррасии иҷрои сохтмони роҳҳо дар қитъаи Оқ-Сой-Тамдиқ ва Исфара – Ворух баргузор шуд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки зимни суҳбат ҷониби Тоҷикистон иҷрои протокол аз 17 марти соли 2019-ро талаб кард, ки тибқи он корҳои роҳсозӣ дар ҳар ду самт бояд якбора оғоз мегардид.
“Ҷониби Қирғизистон қайд намуд, ки корҳои роҳсозӣ дар ҳарду самт оғоз карда шудааст ва мумфаршкунӣ ҳоло муҳлат дорад ва омодаанд то охири соли равон ин корҳоро ба анҷом расонанд”, - омадааст иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки ҳангоми аз назар гузаронидани роҳи таворавии деҳаи Оқ-Сой маълум гардид, ки он то ҳол мумфарш карда нашудааст.
Бар асоси итилоия, аз ҷониби Қирғизистон барои бардоштани қисмати асоси роҳ техникаҳои роҳсозӣ бо миқдори 1 автогрейдер, 1 экскаватор, 1 боркунаки фронталӣ ва 2 нақлиёти боркаши тамғаи Камаз рӯзҳои наздик ҷалб карда шудаанд.
Ҳангоми шиносоии вазири нақлиёт бо рафти корҳои роҳсозӣ дар роҳи Оқ-Сой –Тамдиқ маълум гардид, ки роҳи мазкур чорвогузар набуда, балки тибқи категория Y-ум дар он сохтмон ба роҳ монда шуда дар қисмати боқимондаи он сохтмони иншооти сунъӣ ба назар мерасад.