СУБҲИ ИН ДАМ СОКИТ АСТ. ҚИСМИ - 1
БА “ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН”, “ГУРӮҲИ 24” ВА ДИГАР ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ШОМИЛИ ИН ГУРӮҲ
ПАНД: Ду қурбоққае буд, дар ботлоқ мезистанд. Рӯзе оби ботлоқ қоқ шуда қурбоққаҳо баромада ҷои дигаре мекофтанд. Мерафтанду ногоҳ аз пешашон чоҳе баромад. Якеаш гуфт: - “Ана инҷо об дорад, мепарем”. Дигараш гуфт: - “Исто! Мо дар ботлоқ будему обаш қоқ шуд, баромада тавонистем. Агар оби ин чоҳ қоқ шавад, мо чӣ гуна мебароем?”
Ман як шаҳрванди оддии Тоҷикистонам. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ шоҳиди ҳама гуна воқеаҳои шадид ва ҷанги шаҳрвандии миллатам гардидаам. Аниқтараш дар “Субҳи ситоракуш”-и Аслидин Соҳибназаров ва “Табадуллоти Тоҷикистон”-и Сафаралӣ Кенҷаев ҳама паҳлуҳои тарафайн ва ҳодисаҳои рух дода дарҷ гардида аст. Аммо дигар ҳоҷати баҳси гузашта нест. Чун, чи қадар айбҷӯи якдигар бошем, ҳамон қадар фитнаҳо авҷ мегиранд. Беайб танҳо Худованд аст ва аз он неъматаш шукрона бояд кард, ки Ӯ бори дигар барои миллати мо ваҳдату осудагиро ато фармудааст. Аммо мо имрӯз чи сару садоҳое дорем? Айбу камбудиҳои якдигарро дар байни мардуми олам паҳн намуда истодаем. Дар назди созмонҳое, ки баъзе аз онҳо ваҳдати миллати моро намехоҳанд, “доклад” дорем. Як зарра фасоду ноҳақие, ки дар дохили ҷумҳуриамон агар пайдо гардад, уро ҳамон замон дар шабакаҳои ҷаҳонӣ пахш менамоед, ки ин аз як тараф паст гардонидани маърифати миллат ва паст будани фарҳангу маърифати худи интишоркунандагон аст. Оё ин гуна айбҳо дар дигар давлатҳо дида намешавад? Ҳаст, аммо мисол ба мисли Малахову дигарон дар эфир ҳаллу фасл менамоянд. Ё ки қариб як миллиард аҳолии Ҳиндустон азоби гуруснагию бехонагию бекоригиро намекашанд? Чаро онҳо ба мисли шумо айби миллаташонро “шуста, офтоб” намекунанд? Агар онҳо чунин мекарданд, он миллату давлаташон кайҳо парокандаву нест шуда буд.
“Моргазида аз банди ало метарсад”. Мо ки имрӯз дар дохили кишвар осуда зиндагӣ дорем, амалҳои шуморо ҳамчун таҳдиди калон нисбати амнияти кишварамон мебинем. Чи гуна? Бо далелҳои зиёд. Агар шумо худро инқадар ватандӯсту ҳуқуқшинос мегиред, барои чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Ахбор.ком, фейсбук ва ғ.) усули нави эътирозро (бо роҳи навиштан дар пулҳо) дар пули миллӣ нисбати истеъфои роҳбари давлат пахш намудед? Ин амалатон ноэҳтиромӣ нисбати қонунҳои давлатӣ ва поймол намудани муқаддасоти миллӣ нест? Оё ин қонуншиканӣ нест? Ноэҳтиромӣ ба пули миллӣ – ин ноэҳтиромӣ ба худи миллат аст.
Ҳизби муҳоҷирони тоҷикро, ки Иззат Амон дар Федератсияи Россия ташкил дорад ва он баромадҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш менамояд, ба фикри мо ин хатарнок нест? Ӯ бародари маро бо ман душман карданист. Дар пахшҳояш дида мешавад, ки чи гуна муҳоҷирони тоҷикро, ки онҳо бародарону падарони моанд, бояд ба худаш ҷамъ карда, пеш аз интихобот бо мошинҳо “колона” шуда ба Тоҷикистон биёянду, боз ҳамон митингу ҷангу хунрезӣ... кунанд, оё ин барои мо таҳдид нест?
Ҷидолҳое, ки якчанд бор дар марзҳои тоҷику қирғиз гузашт ва аз ҳарду тараф талафотҳои ҷонӣ ҳам дошт, касе аз миллати мо тарафдори сар задани чунин муноқишаҳо нест. Аммо Шумо ба воситаи шабакаҳо чунон муҳобот доред, ки гӯё ҳукумати тоҷик заифу нотавон аст ва наметавонад ба қирғизҳо ҷавоб диҳад. Яъне ар ивази рехтани хуни тоҷик хуни қирғиз ситонанд, тиру туфанг гиранду ва ҳоказо. Оё ин таклифи Шумо хатарнок нест?
ДАВОМ ДОРАД.