Ваҳдат бақои давлат ва миллат аст Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Вализода Сулаймон бахшида ба 21 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати Миллӣ ӯқғҳҷӣ ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Пеш аз ҳама Шумо ва тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба 21 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати Миллӣ табрик гуфта, бароятон бахти сафеду иқболи нек, рӯзгори ободу осуда ва саодату сарбаландӣ орзу менамоям.
Дар доираи чорабиниҳои ҳукуматӣ оид ба таҷлили боз як иди фараҳбахшу фархунда ва ҳамасола ҷашн гирифтани солгарди Ваҳдати Миллӣ, ки ҳамагон 27 июн онро ботантана ид мекунем, дар саҳифаи таърихи давлати соҳибистиқлоламон бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд. Зеро ин пиндор ва кирдору кори наҷибамон, ки аз иқдому ташаббусҳои ватандӯстонаю башардустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, маънои посу гиромӣ доштан ва таҳким бахшидан ба чунин муқаддасот - Ваҳдати Миллиро дорад.
Ҳамагон хуб дар ёд дорем, ки пойдевори сулҳи бебозгашти тоҷикон дар айёме гузошта шуд, ки кишварамон дар алангаи ҷангҳои бемаънии шаҳрвандӣ месӯхт. Дар чеҳраи одамон ғам хона кардаву умеди ояндаи нек ва дурахшон вуҷуди кулли мардумро тарк гуфта буд. Он вақт пай намебурдем, ки бо амалҳои бемаънии худ ба душманоне, ки ин оташи фоҷиаборро ба сари мо рехтанд, ёрӣ медиҳем.
Хушбахтона, ашхоси бо фазлу хирадманде ёфт шуданд, ки ба ояндаи нек дилгарм ва пайи сулҳу оштӣ, ваҳдати тоҷикон талош меварзиданд. Тавассути ҷидду ҷаҳд ва орзую омоли неку наҷиби онҳо 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллии байни тоҷикон ба имзо расид. Бояд гуфт, ки роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдат осон набуд. Вале Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк намуда буданд, ки тоҷикон бояд ин роҳро ногузир тай намоянд. Баргузории иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қалами нахустин ва устуворе буд барои расидан ба ин ҳадафи ниҳоят муҳим. Дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат интихоб гардид ва дар ба даст овардани ваҳдату созгори миллӣ саҳми арзанда гузошт. Ҳамин тариқ кӯшишу талошҳои зиёди Сарвари давлат ва ёрии кишварҳову созмонҳои нозири музокироти тоҷикон самараи дилхоҳ дод. Дар Тоҷикистон сулҳу амният ҳукумрон гардид. Орзуи тамоми халқ ҷомаи амал пӯшид.
Имрӯзҳо таҷрибаи тоҷиконро дар барқарорсозии тамоми давлатҳои мутамаддин ва ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, барои бартараф намудани муноқишаҳои дохилиашон аз он истифода мебаранд. Муншии ҳамонвақтаи умумии С.М.М. Кофе Аннан доири ин қазия самимона гуфта буд: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад».
Аз сулҳи ба даст омад миллати тоҷик инак, 21 сол сипарӣ мегардад. Бисту як соле, ки гуфтан мумкин баробари як аср. Чунки дар ин давра мамлакатамон чораю тадбирҳоеро таҳрезӣ ва амалӣ намуд, ки мислашро таърих ёд надорад. Хирад ва заковати баланди миллатамон омили муҳими ваҳдати миллӣ барои амалӣ гардидани корҳои cозандагию бунёдкориҳоямон гардид. Инро мо дар низоми зиндагӣ ва фаъолияти ҳамарӯзаи меҳнаткашони ноҳияамон бараъло эҳсос мекунем. Бо шарофати сулҳу оромӣ, ки онро Ваҳдати Миллӣ мегӯем, дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ноҳияамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайвастанд. Яъне дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш, ки зери ғамхорӣ ва кумаки пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоят ва ноҳия қарор доранд, бо вуҷуди душвориҳои ҷойдошта, таъмиру тармим ёфта, доира ва фарҳанги хизматрасониашонро васеъ ба роҳ мемонанд. Дар ин самтҳо сохтмони мактабу синфхонаҳо, бунгоҳову майдончаҳои варзиши муассисаҳои фарҳангӣ меафзоянд. Худо хоҳад зери ливои ваҳдату ягонагӣ дар ояндаи наздик давлати аз ҳар чиҳат мутараққӣ ва мардумаш саодатманди дунё барпо хоҳем кард.
Бори дигар Шумо, ҳамдиёрони азизамро ба муносибати 21 -солагии Рӯзи Ваҳдати Миллӣ самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сулҳу сафо, хонаи обод ва барори кор орзумандам.
Ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед, ҳамдиёрони азиз!