СУБҲИ ИН ДАМ СОКИТ АСТ. Қисми - 2

БА “ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН”, “ГУРӮҲИ 24” ВА ДИГАР ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ШОМИЛИ ИН ГУРӮҲ

...Блогерони ISLOH.TV, “Паймони миллӣ”, “Садои мардум” ва ба инҳо монанд дар Ютуб ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддини “аналитик”, ки бар зидди роҳбарони ҳукумату давлати тоҷикон баромад карда, онҳоро таҳқир намуда,  суханҳои пасту бефарҳангонаро пахш менамояд, ҷуз фитнаангезӣ коре надоранҳ? Ин блогерҳо барномаашонро бо саломи забони арабӣ чунон оғоз менамоянд, фикр мекунӣ, ки то охираш ҳама панду насиҳат аст. Аммо баъди саломаш ғайр аз таънаву суханҳои фитнаангезонааш дигар ягон панду андарз шунида намешавад. Ҳатто худи блогерҳо аз насиҳату ҳадисҳои дини мубини ислом, ки худи онҳо то имрӯз аз ин дин ҷома духтаанд ва агар лозим ояд ивазаш менамоянд, ягон порае ҳам ёд намекунанд. Чунки худашон нағз медонанд, ки қисми зиёди суханҳояшон хилофи ҳадисҳои исломист. Хубтараш мо мисол намеорему баҳсро наангезонем. Ин блогерҳо чунон бо “аксент” сухан меронанд, ки ёде аз давраҳои сари қудрат будани мухолифинро меорад, ки чи гуна дар телевизиони тоҷик гимни эронӣ садо медод ва онҳо сухан меронданд. Мо аз ин “Хушдоманҳо” ягон таълими хуб намегирем ва баръакс шубҳа дорем. Мо аз инҳо танҳо “Адаб аз беадаб”  меомӯзем. Дар байни мардум шояд ягон ҷабрдидае ё ягон гаправи бесаводу ягон гумроҳшудае аз инҳо тарафдорӣ менамояд. Ҷавононеро, ки аз давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ ягон тасаввуре надоранд, ё дар он давраҳо набуданд, ҳамчун “пешка”и шоҳмот омода сохта, сафи блогеронро зиёд кардаанд.

Дар яке аз нашри иғвоангези “Садои мардум”(окятбр) дидам ва шунидам, чи гуна шахсе ҷиҳодро дар Тоҷикистон фарз ҳисобид ва дигаронро даъват намуд, ки ҷиҳод намоянд. Бар зидди ки? Оё ин амалҳоятон ба мо хатар надорад?! Ё шахси дигаре, ки худ шаҳрванди Россия гаштаасту шароити хуб дорад, мехоҳад ки “якбор омадаасту як бор равад” ва омода аст, ки омада митинг барпо созаду ва ғ. Чунин митингу ҳамоишҳо барои мо – мардуми тоҷик, хатарнок аст. Ҷанги шаҳрвандии тоҷик аз чунин ҳамоишҳо оғоз ёфт.

         Ёдам ҳаст аз давраи донишҷӯиямон, баъди хомӯшии ҷанги шаҳрвандӣ (соли 1999), ки шахсе гуфта буд: “Шабонгаҳ баъди аз кор рафтани кормандони ҲНИТ дар дохили бинои ҳизб шахсоне варақаҳои таблиғотии “Ҳизбут таҳрир”-ро копия мекарданд...”.  Ин шахсон шояд ҳозир, имрӯз яке аз намояндагони маъруфи “Паймони миллӣ” бошанд.

Хонандаи мӯҳтарам, худатон қазоват кунед. Чунин шахсон, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ натавонистанд ба сари қудрат биёянд, сулҳ бастанду 33% мансабҳоро соҳиб шуданд. Ҳизби бо номи ислом кушоданд. Дар рӯз чӣ кор доштанду дар шаб ч? Дар давраи фаолияти ин ҳизб то соли 2015 боз чӣ гуна аъмолҳоеро анҷом надоданд, ки ҳамаи мо шоҳиди он шудаем. Чи ба чашм ва чи ба воситаи ахбори омма. Акнун ки ҲНИТ пароканда шудааст, дар Аврупо “Паймони миллии тоҷикон”-ро ташкил намуда, ба шоху зершохчаҳо тақсим намудаанд. Ҳамон Аврупое, ки ба гуфти ҳамон равшанфикрон мулки “кофирон” аст. Манзурам он, ки дар ҳамоишҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ онҳоро кофир гуфта лату кӯб карда, аз шаҳр меронданд. Акнун, ки лозим доранд аз “кофир” мададу пул меҷӯянд. То соли 2015 занҳои дар гирди Кабирӣ ҷамшуда бо сатру ҳиҷоб мегаштанд. Акнун ки ҲНИТ аз байн рафтааст, гуё имон ҳам аз Кабирӣ рафтааст. Чунки акнун дар гирди Кабирӣ дигар ҳиҷобпӯше дида намешавад. Акнун дар гирдаш ба мисли хоҳар Ҳумайрову дигару дигар занонро бо сари бараҳна мебинӣ. Ин паймони миллии “Якчашма” аст, ки ба шаҳри якчашма рафтааст. Лекин ҳадаф ҳамон ҳадаф аст – ғасби ҳукумат. Дигар ин ҳамаи мисолу масъалаҳояшон як баҳонаанд. Агар ин қавми мухолиф сари қудрат биёяд, фикр мекунед, ки Ворухро амн нигоҳ медоранд? Фикр мекунед, ки 2 млн нафар муҳоҷир ба ватан бармегардад? Фикр мекунед, ки заминҳо аз Хитой баргардонида мешавад? Фикр мекунед, ки фасоду беқонунӣ аз байн меравад? Фикр мекунед, ки сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар мешавад???... Хоки сиёҳ мешавад! Барои заминҳо аз як тараф бо Қирғиз ва аз тарафи дигар бо Хитой чи чизҳое рух надиҳанд. 2 млн. муҳоҷир баргашта дар ватан бе ҷои кору хона монад, “одамхурӣ” мешавад. Ё ин ки плани “А” - шиаҳои Эрон омада “властро курироват” мекунанд.

ДАВОМ ДОРАД.

Ҳеҷ овозе нест