САРҲАД ДАРВОЗАИ ДАВЛАТ АСТ

Рӯзи 17 сентябри соли равон дар бораи ҳаводиси ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбари дастгоҳи Президенти Қирғизистон  Досали Эсеналиев, раиси Шӯрои амният Дамир Сагинбаев, вазири умури хориҷа Чингиз Айдарбеков ва роҳбари шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи раисҷумҳур Дониёр Сидиқов анҷом дод.” Сооронбой Жээнбеков раисҷумҳури Қирғизистон оиди вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки ахиран ба тирандозии низомиёни ду кишвар анҷом ёфта буд, баррасӣ карда буд. Ӯ.таъкид намудааст, ки аз доман задан ба ҷанҷол дар марз бо Тоҷикистонро худдорӣ кунанд ва миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълон карда буд, ки дар натиҷаи тирандозӣ дар марз бо Қирғизистон якчанд шаҳрванди кишвар маҷрӯҳ шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 976 километр марзи муштарак доранд, ки наздик ба 50 дарсади и он  ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Коршиносон ба ин ақидаанд, ки чунин пурра таъйин нашудани хатти марз ва аломатгузорӣ накардани нуқтаҳои лозим дар ин марз борҳо ба рухдоди муноқишаҳои марзӣ боис мешавад.

Дафтари матбуоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон бо нашри як баёния шоми душанбе эълон намуда буд, ки Қирғизистон бар хилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида, санаи 16-уми сентябри соли равон дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Овчи- Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карданд ва мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомти Қирғизистон низ эълон мекунад, ки дар натиҷаи тирандозӣ як сарбози ин кишвар аз тири неруҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон зикр намудааст, ки айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият, корҳои фаҳмондадеҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд.

Миёна: 6 (1 vote)