ВОКУНИШ

Оиди ҳуҷуми террористон ба дидбонгоҳи “Султонобод”

Мо аҳли намозгузорони масҷиди ҷомеъаи ба номи “Муҳаммад”-и ҶД Ғалабаи ноҳияи Фархор амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи авошони ҳайвонтинатро, ки ба дидбонгоҳи “Султонобод”-и ноҳияи Қубодиён бо тариқи макру фиреб ворид шудаву амали қатлу кушторро ба хизматчиён ва ҳомиёни қонун раво диданд, сахт маҳкум намуда а роҳарону ташкилкунандагонаш лаънат мехонем.

Ин амали нангинро замоне ташкил ва амал намудаанд, ки дар кишвари мо ҷашни 25-умин солгарди Конститутсия қайд карда мешуд. Кишваре, ки чи аз лиҳози динӣ ва чи аз ҷиҳати илму тараққиёти дунявӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мақому манзалати хосаи худро касб карда истодаасту нотавонбинони курдил ба ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки давлату Ҳукуматро бадному доғдор намоянд. Аммо ехабаранд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аллакай кишвари моро ҳамчун кишвари амну ором ва ру а тараққиёт шинохтаанд. Мардуми кишвар имрӯз аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари хеш қаноатманду пайи сарсабзу хуррамгардонӣ ва тараққиёту пешрафти ватани хеш зери шиорҳои Ваҳдатафзои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳатарм Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида зиндагии осоиштаро касб кардаанд.

 

Сархатиби масҷиди ҷомеаи ба

номи “Муҳаммад”-и ҶД Ғалабаи н.Фархор, Лақайхоҷаев Ҳ.

Ҳеҷ овозе нест