ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ...

Асри имрӯза асри илму техника, рушди бесобиқаи зеҳнӣ ва қарни навоварӣ унвон гирифтааст. Аммо аз ибтидои ин аср зуҳуроти номатлуб чун терроризму экстремизм ба нуқтаи баландтарини худ рафта расидааст. Ин зуҳуроти номатлуб ҷаҳонро ба таҳлука ва одамонро бба тарсу ҳарос оварда, ҳамчун вабои аср ва проблемаи №1 дар дунёи имрӯза мебошад. Дар натиҷаи авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар гушаву канори дунё аз тарафи баъзе нафарони “даъвои мусулмонидошта”, ки дар асл худ фитрати инсонӣ надоранд, бо истифода аз барномаҳои махсуси психологӣ ва нозукиҳои динӣ сафи худро аз ҳисоби ҷавонон ва шахсони заифгардида зиёд мекунанд.

         Аз ҷумла он нафароне, ки ба найрангу фиреби онҳо гирифтор шуда, онҳое мебошанд, барои гузаронидани амалҳои номатлуб суҳи 6-уми ноябр ббарои гузаронидани як амали террористӣ а дидонгоҳи “Султонобод”, ки воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ, дар марзи Тоҷикистону Узбекистон қарор дорад, ҳамлаи мусаллаҳона анҷом додаанд. Ба иттилои шаакаҳои интернетӣ ва ВАО ин амали номатлуб кори дастии гурҳи тундрави “Давлати исломӣ” маҳбус меёбад. Ин зуҳуроти номатлуб пролемаи тамоми ҷаҳон маҳсуб ёфта ва бар зидди он бояд ҳама мубориза кунад. Ҳамчуноне, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минарҳои ҷаҳонӣ ва ҳатто аз минбари СММ баромад карда таъкид намуданд, ки террорист дину мазҳа ва ватану миллат надорад.

         Ислом ддинест, ки аз замони зуҳураш одамонро ба некӣ, илму адаб, поктинатӣ, ростқавлӣ, сулҳу дустӣ, якдилӣ, баробарҳуқуқӣ, дуст доштани ватан, ҳифзу ҳимояи он донистани қадри якдигар, волоитяи қонун, некӣ а ҳамдигар дар корҳои наку, пойдории оила, таълиму тарбияи дуруст ва ахлоқи ҳамида даъват карда, дар самти пешгирии ҳуқуқпоймолкуниҳо, ҷори кардани тартибот, ҳимояи ҳуқуқи зану кудак ва шахсони ниёзманд, дур сохтани одамон аз ҷиноят, пешгирии қатлу куштор саҳми арзанда гузоштааст.

         Дар ҳадисе омадааст, ки ҷавоне ба назди ҳазрати Муҳаммад (с) омада дархост мекунад: “Мехоҳам ба ҷиҳод равам”. Пайғомбар(с) мепурсад, ки “Оё падару модар дори?” ҷавон мегуяд: “Оре, падару модар дорам”. Он ҳазрат фармуд: “Рав хидмати падару модаратро ба ҷо биёр”. Ҳамчунин фармудаанд, ки агар ҷиҳод кардан хоҳи, аввал ба нафси худ ҷиҳод кун. Ислом дини пок буда зидди амалҳои террористӣ мебошад.

         Инро қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгарои террористӣ бениҳоят зиёд буда, ба ҳар гушаи дунё доман паҳн карда тухми зулму ҷаҳолат мекоранд. Падарону модарон, омӯзгорон, ходимони дин ва инчунин фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро дар роҳи илмомӯзӣ ва маърифатнокӣ давату тарият намоянд, то битавонем ба ҳадафҳои некамон ноил гардем. Донишмандиву шуурноки ду силоҳи азиме, аст, ки моро аз хатари терроризму экстремизм ҳифз менамояд. Албатта агар мо онро дуруст ва ба манфиат истифода барем. Ҷавонони моро зарур аст, ки ба омухтани илми замона машғул шаванд. Бесабаб нест, ки офаридгори мо ба Паёмбари ислом аввалин оятеро нозил кард, ки шуруъшавии он “Бихон” аст ва тамоми бандагонашро ба хондан даъват намуд.

         Имрӯзҳо моро зарур аст, ки ба найранги фитнагарон дода нашуда, аз ин хатари мудҳиши замон дур бошем ва барои мубориза бурдан бар зидди терроризму экстремизм дастаҷамъона, фаъолона мубориза барем. Инро фаромуш набояд кард, ки:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айбе ки ҳаст дар мусалмонии мост...

 

Эмомхатиби масҷиди ҷомеъи ҷд Ғайрати

н.Фархор ба номи Эмом Бухорӣ,   Маҳмудов Сайобид

Ҳеҷ овозе нест