СУЛҲУ ВАҲДАТ ОРОМИИ КИШВАРИ МОСТ

Чи тавре, ки Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомал Раҳмон гуфтанд “Террорист” ватан, милат ва дину мазҳа надорад.

         Гузашта аз ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳа сурат мегирад, ба дину ислом ягон иртиоте надорад. Баръакас, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шудааст.

         Аз дасти террористон пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмонони саёра зарар мебинанд. Аз он ҷумла, террористон мехостанд дар рӯзи Конститутсия, ки 6-уми ноябр аст, табадуллот барпо намоянд. Аммо бо мақсади нопокашон нарасидаанд. Қисми зиёдашон безарар ва дастгир шудаанд.

         Дини мубини ислом пеш аз ҳама инсонҳоро бо таҳаммул, тараҳум, инсондӯстӣ ва тавозуъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зуровариҳоро маҳкум мекунад. Ислом динест, ки мардумро ба суи сулҳу ваҳдат дават мекунад. Мардумро аз ҳар гуна ихтиофот ва иғвогарӣ боз медорад.

         Расули Акрам(с) дар давоми 23 соли паёмбарии худ мардумро дар роҳи дустиву бародарӣ ва баробарӣ даъват мекарданд. Давати Паёмбар (с) барои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ ин буд: “Ошт ва сулҳ беҳтар аст”, сураи Ниссо, ояти 128.

         Худованд дар Қуръони карим ҳеҷ касро ташвиқ ба куштан ва резондани хуни ноҳақ амр накардааст. Ҳастанд нафароне, ки барои анҷом додани корҳои бадашон фикр мекунанд, зиндагии хуберо соҳиб шудаанд. Лекин афсус, сад дареғи умри ҷавонӣ, баръакс ба ин рафтори ваҳшиёнаи худ ҳам саодати дунё ва охираташонро барбод доданд. Ҳеҷ як кушанда рӯи ҷаннатро намебинад, ҳамчунин террористоне, ки куштани шахси бегуноҳро савоб мешуморанд, аз ҷумлаи дузахиёнанд. Оиди ин Худованд мефармояд: “Ҳар ки муминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дузах аст, дар он ҷовидон бошад ва Худо ба ӯ хашм гирифтааст ва уро лаънат кардааст”.

         Аз ватани худ ношукриву носипос кардан гуноҳи бузург аст. Зеро, ки ватандорӣ як гӯшаи имондорист. Ояд мо доим кӯшиш кунем, ки а қадри ватан, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ барои ободу сарсазу хуррам гардонидани ватан нуфузу оруи онро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардорем.

Ин аст қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо.

 

Имомхатиби масҷиди ҷомеъи “Шоҳи зинда”, Раҷабов Р.

Ҳеҷ овозе нест