СУБҲИ ИН ДАМ СОКИТ АСТ. ҚИСМИ - 3

БА “ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН”, “ГУРӮҲИ 24” ВА ДИГАР ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ШОМИЛИ ИН ГУРӮҲ

Тарафдорони мухолифин бисёр ҳам бошанд(мо хеле зиёд карда гуфтем) 1 млн. нафаранд. Аммо чи гуна 7 млн нафар аҳолии кишвар қарор меистад, ки ким-кадом “рӯсиёҳшуда” омада мулкеро ки баъди ҷангҳое, ки худашон ташкилу валангор намуданд, ин қадар зебову обод гардидааст, омада ҳукмронӣ намояд? Ва пеш аз оне, ки ҳукуматро ғасб мекунӣ, фикр кун, ки чӣ гуна ҳукмронӣ менамоӣ?! Ривояти “Ду қурбоқа”-ро, ки аз таърихи файласуфони қадим барои шумо барин “ҳавасмандон” навиштаанд, дар боло ёд овардем. Агар шумо – мухолифон то он дараҷа таҳлилгару кордонед, пас ҳамин ривоят бароятон кофист. Вагарна ягон кору амалатон кафолат надорад. Ё ба як обу рӯйи Муҳаммадӣ аз ин фаъолиятатон баргардеду беҳтараш ба ягон кору тиҷорат машғул шавед, ё мо намегузорем, ки шумо дар мулки мо омада болои сари мо ҳукмронӣ намоед. Муборизаҳои шумо иғво аст. Ҳизбҳои шумо истифода аз номи дини мубини ислом чандин ҷавононе, ки дасту дили пок доштанд, фирефтаи даъватҳои шумо шуда, бадному гурезон гаштаанд. Нигарон набошед, номи шумо дар ягон саҳифаи таърих навишта намешавад. Агар шавад ҳам, ҳамчун ягон сарбозе аз аҷнабиён меояд.

Бароятон порчаеро ёдрас мешавам, ки чи гуна Кабирӣ аз устодаш Абдуллои Нурӣ мансабталошӣ кард, ки аз суханони шоҳиди ҳол Д.Назиров оварда шудааст: “...Моҳҳои июл-августи соли 2006 Нурӣ хеле бемор шуду ба хабаргириаш Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабирӣ омаданд, ки аввалӣ ҳам аз беморӣ ранҷ мебурд. Нурӣ бо мушкилӣ сӯҳбат мекард, аммо тавонист мавқеашро баён намояд, ӯ гуфт: «Умрам кам мондааст ва маро ояндаи ҳизб нигарон мекунад, метарсам, ки он аслиҳаи дасти мансабпарастон ва муртадон нагардад!». Вақте Нурӣ дар ин бора ҳарф мезад, ботинан умедвор буд, ки Маҳмадшариф Ҳимматзода номи писари ӯ-Муҳаммадҷон Саидовро, ки назди падар истода буд, мегирад. Аммо Ҳимматзодаи бемор то лаб во карду хост чизе бигӯяд, М.Кабирӣ дарҳол аз ҷой бархосту дасти Нуриро гирифта, бо садои баланд гуфт: «Устод, ман хизматгори бовафои Шумоям, ман ҳар як супориши Шуморо иҷро мекунам, ман ҳеҷ гоҳ дунболи даъво нестам ва ман ҳизби Шуморо ҳифз медорам…» Нурӣ бо чашмонаш Ҳимматзода, писараш ва Кабириро гусел карда гуфт: «Акнун ман оромам». Аммо ин ҳарфҳо бо сахтӣ гуфта шуда, эҳсос карда мешуд, ки орзуи эшон дар бораи мондани писараш дар роҳбарияти ҳизб барбод рафт ва гумон аст, ки ин мансабпараст ҳизбро солҳои тӯлонӣ маҳфуз дорад…

Акнун хонандаи гиромӣ ба он тавваҷӯҳ кун, ки чӣ гуна муртад М.Кабирӣ ба гуфтаҳои Нурӣ туф карду васияташро ҳамчун раиси ҳизб зери пой гузошт. Амалҳои Кабирӣ ҳеҷ гоҳ оқибати хуб надорад. Ин шӯру ғавғояш оқибат ба зарари худаш бармегардад. Чунки ин мансабпараст кӯшиши мансаб карду ба хотири хиёнаташ оқибат аз мансабаш монд. Фардо, Худо хоҳад аз паймону ҳизбу ҳаракатҳое, ки номи дини мубини исломро истифода карда, ғасби ҳукуматро дар нақша мондаанд, бенасиб мегардад. Чунки дар китоби Имом Бухорӣ қайд шудааст, ки касе агар талоши мансаб кунад, Худованд ба ӯ мадад намекунад.  Яъне Кабирӣ маҷбуран вазифаи роҳбарии Ҳизби наҳзати исломро аз заифию бемории устодаш Нурӣ истифода бурд ва имруз ба чи аҳвол гирифтор шуд. Ҳамин аст натиҷаи мансабпарастии Кабирӣ.

Агар суханҳои маро бовар надоред, пас майдони шоҳмотеро, ки бозӣ доред, гардонида иваз намоед ва худатонро дар ҷои мо истода исбот кунед. Акнун Шумо мефаҳмед, ки ақидаи мо дуруст аст.

Ин як таҳлили шахсии ман, як шаҳрванди оддии Тоҷикистон аст.

Тоҷиддин, омӯзгор.

 

Ҳеҷ овозе нест