ҲАР КИ БАД КАРДААСТ, БА РУЗИ БАД РАСАД

Ҳодисае, ки 6-ноябри соли 2019 дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон шуда гузашт, ҳар як фарди мусалмонро бетафовут намегузорад. Аниқтараш тавассути ВАО садо дод, ки 6-ноябри соли 2019 бист нафар террористон ба ниятҳои нохубашон сарҳадшиканӣ карда, ба хоки Тоҷикистон ворид шуданд. Дар натиҷа талафоти ҷонӣ ба амал омад.

Худои меҳрубон дар каломи покаш баён кардааст: “Ваътасиму биҳаблиллоҳи ҷамъиян вало тафарақу”. Аммо афсус, ки имрӯз абарқудратҳои дунёӣ аз бесаводӣ ва бефарҳангии ҷавонони имрӯза истифода бурда, мусалмононро бо дасти мусалмонии бехирад ва беақл нобуд карда истодаанд. Худои меҳрубон дар каломаш ба мо дастур додааст: “Дар корҳои ху бо якдигар кумак кунед ва дар корҳои бад дурӣ биҷӯед”. Ин ҳама пешравию гулгулшукуфии кишвари мо албатта душманони миллатро беқарор месозад ва онҳо бо ҳар роҳу воситаю дасисаҳо мехоҳанд кишвари тинҷу ороми моро халалдор созанд.

Ба ҳама аҳли олам маълум аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар ҳақиқат кишвари иҳиштосоро мемонад. Ин кирдори нопоки гурӯҳҳои террористӣ бо ном “Давлати исломӣ” ҷомеаи Тоҷикистонро бо даҳшату нооромӣ оварда, мисли солҳои гузашта мехоҳанд нохушию нооромӣ биоранд. Душман душман аст ва дар ҳар лаҳза имконияти ҷорӣ кардани зарарҳояшро дораду ҳар лаҳза вақт меҷӯяд.

Ҳазрати Бедили Деҳлавӣ дар хусуси чунин ашхосҳо фармудааст:

Кай равад фикри маззарат аз мизоҷи аҳли кин,

Мор натавонад ҷудо аз заҳри дандон комро.

Ҳамватанони азиз, ҳар яке аз мо бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ватани о хуни дил оодкардаамонро муҳофизат намоем.

 

Имомхатиби масҷиди ҷомеъи ҶД Деҳқонариқи н.Фархор

Додов Абдувалӣ

Ҳеҷ овозе нест