ПЕШВОИ МИЛЛАТ АРЗАНДАИ ҶОИЗАИ НОБЕЛ АСТ

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ карданд. Ин пешниҳодҳоро бахшида ба Рӯзи Президент зимни як ҳамоиш донишҷӯи курси сеюми факултети муносибатҳои байналмилалӣ Зарина Саидова ва муовини декани ҳамин факултет Афзалшо Бобозода дар толори ин донишкада ва дар ҷамъи устодону донишҷӯён пешниҳод доданд.

“Ин аз ҳар як ҷавон талаб менамояд, ки дар радифи ин гулдухтари шуҷоъ дастгиру пайрави ақидааш гардида, ба ҷаҳониён собит созем, ки дар барқарор намудани сулҳ ягон Сарваре ҳамтои Пешвои мо несту шуда наметавонад”, - навиштааст дар сафҳаи фейсбукии худ донишҷӯи дигаре аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон.

Зарина Саидова инчунин барандаи Ҷоизаи “Донишҷӯи сол-2019” буда, аз донишҷӯи фаъол ва донишманди академияи мазкур маҳсуб меёбад. Интизор меравад, ки ин пешниҳоди донишҷӯ ва устодаш ба забони инглисӣ тарҷума шуда ва барои пуштибонӣ аз он ба Созмони Милали Муттаҳид ирсол гардад.

Ин бори чорум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоизаи Нобел пешбарӣ мешавад. Соли 1999 дар матбуоти давлатии Тоҷикистон маъракаи густардае ба роҳ андохта шуд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон барои поёни ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои созишномаи сулҳ бо мухолифин Ҷоизаи Нобел эҳдо шавад.

Соли 2016 Ҳикматулло Насриддинов, собиқ вазири оби Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ гардида, ҳайкалаш дар Душанбе гузошта шавад.

Дар соли 2018 як ҷамъияти ӯзбекҳо роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёевро ба хотири анҷоми “ҷанги сард” байни ду кишвари ҳамсоя ва беҳбуди муносибатҳо ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ карда, маъракаи ҷамъоварии имзоҳоро ҳам ба роҳ монда буд, вале комёб нашуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмони 67-сола буда, аз соли 1992 инҷониб дар  Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Сарвари давлат тавонист ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар кишвар нуқта гузошта, суботу оромиро таъмин кунад. Бунёди сарбанд ва ду чархаи аввали нирӯгоҳи Роғунро аз дигар комёбиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мақоми президентӣ медонанд.

Ҳеҷ овозе нест