ПЕШНИҲОДИ ҶОИЗАИ НОБЕЛ БА ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Президент донишҷӯи курси сеюми факултети муносибатҳои байналмилалӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Саидова ва муовини декани ҳамин факултет Афзалшо Бобозода дар толори ин донишкада ва дар ҷамъи устодону донишҷӯён Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ карданд.

Зарина Саидова барандаи Ҷоизаи “Донишҷӯи сол-2019” буда, аз донишҷӯи фаъол ва донишманди академияи мазкур маҳсуб меёбад. Интизор меравад, ки ин пешниҳоди донишҷӯ ва устодаш ба забони инглисӣ тарҷума шуда ва барои пуштибонӣ аз он ба Созмони Милали Муттаҳид ирсол гардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмони 67-сола буда, аз соли 1992 инҷониб дар  Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Сарвари давлат тавонист ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар кишвар нуқта гузошта, суботу оромиро таъмин кунад. Бунёди сарбанд ва ду чархаи аввали нирӯгоҳи Роғунро аз дигар комёбиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мақоми президентӣ медонанд.

Ин бори чорум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоизаи Нобел пешбарӣ мешавад. Соли 1999 дар матбуоти давлатии Тоҷикистон маъракаи густардае ба роҳ андохта шуд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон барои поёни ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои созишномаи сулҳ бо мухолифин Ҷоизаи Нобел эҳдо шавад. Соли 2016 Ҳикматулло Насриддинов, собиқ вазири оби Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ гардида, ҳайкалаш дар Душанбе гузошта шавад. Дар соли 2018 як ҷамъияти ӯзбекҳо роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёевро ба хотири анҷоми “ҷанги сард” байни ду кишвари ҳамсоя ва беҳбуди муносибатҳо ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ карда, маъракаи ҷамъоварии имзоҳоро ҳам ба роҳ монда буд, вале комёб нашуд.

Хотиррасон менамоем, ки ҷоизаи Нобел - яке аз бонуфузтарин ҷоизаи байналхалқӣ мебошад, ки ҳар сол барои тадқиқотҳои барҷастаи илмӣ, ихтирокориҳои револютсионӣ, саҳми бузург дар фарҳанг, рушди ҷомеа супорида мешавад. Ҷоизаи Нобел мувофиқи меросномаи Алфред Нобел (соли 1895) таъсис ёфтааст. Дар соли 1901, нахустин ҷоизаҳои ин бунёд эҳдо шуд. Ҳоло андозаи Ҷоизаи Нобел 10 млн кронаи шведӣ (қариб 1,05 млн евро ё 1,5$ млн доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

 

Ҳеҷ овозе нест