МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТОНАИ САРОНИ ТОҶИКУ ҚИРИЗ

16 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков суҳбати телефонӣ доир намуд. Роҳбари давлати мо Президенти Қирғизистонро ба муносибати зодрузашон сидқан табрик гуфта, ба Сооронбой Жеенбеков сиҳатии комил, саодатмандӣ, ҳамчунин, дар фаолияти давлатиашон комёбиҳои навин дар роҳи таъмини шукуфоии Қиризистони дӯст таманно намуданд.

         Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карда, алоқамандиашонро ба рушди мусбати ҳамаи паҳлуҳои онҳо таъкид доштанд.

         Президентҳои ҳар ду кишвар зарурати ба харҷ додани саъю талошҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи амалии зарфиятҳои созандаи муносибатҳои дустона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қиризистонро, бахусус, таъкид намуданд.

         Дар рафти суҳбат, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи рӯзмарраи минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳеҷ овозе нест