ТЕРРОРИЗМ ПАДИДАИ НАВ НЕСТ

Терроризм дар ҷомеа падидаи нав набуда, аз замонҳои қадим дар шакҳои гуногун арзи вуҷуд кардааст ва албатта, бба манфиати шахсони алоҳида ва ё гурӯҳе хизмат намудааст.

         Бо тараққии ҷамият ва инкишофи минбадаи он терроризм низ инкишоф ёфт, зеро манфиатҷӯён, ки манфиати худро аз манфиати ҷомеа боло меҳисобанд, аз амалҳои террорист сӯиистифода мебурданд.

         Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон дучори вазияти хеле ҷиддии амаҳои террорист гаштааст ва терроризм, ки аз давраҳои пеш дар мамакатҳои алоҳида амал мекард, сарҳадшиканӣ намудааст ва чун зуҳуроти номатуб оламро фаро гирифтааст. Мисоли равшани ин амаҳои террористӣ дар мамакатҳои Шарқи наздик, Аврупо ва инчунин Афғонистон мебошад.

Амалҳои зиддитеррористии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар гирифтани пеши роҳи инкишофи он камҳавсалагӣ дорад, зеро дар ин амалҳо низ духурагӣ, яъне дурӯягии баъзе аз гурӯҳҳои зиддитеррористӣ мавҷуд аст. Сабаб боз ҳамон манфиатҳое мебошанд, ки мамлакатҳои қудратманд барои худ меҷӯянд.

Терроризм дар тамоми нуқтаҳои олам ва ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа: сиёсат, фарҳанг, иқтисодиёт таъсири худро расонида истодааст. Хусусан, соҳаи иттилоот, ки яке аз воситаҳои инкишофи ин падидаи номатлуби ҷомеа мебошад ва дар навбати худ терроризм ба он таъсири ниҳоят калон дорад.

Барангезандагони оташи амалҳои террористӣ аз роҳу воситаҳои гуногун истифода мебаранд, то ба мақсадҳои нопоки худ расанд. Масалан, майл ба гуруӯҳҳои террористӣ намудани ҷавонони гумроҳ, ки фирефтаи найрангҳои ташкилотҳои террористӣ гашта, ба номи худ, Ватан ва миллати хеш иснод меоваранд, мисоли равшани ин аст?

Яке аз сабабҳои дигар иттилоотҳои бардуруғи интернетӣ мебошанд, ки ҷавонони сабукфикрро ба худ ҷалб мекунанд.

Мо мардуми Тоҷикистон набояд амалҳои нопоки Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро, ки барои манфиатҳои хоҷагони хориҷии худ шуда, рушду тараққии  Тоҷикистони соҳибистиқлолро надида мегиранд, фаромуш созем. Хусусан, ҷавонон, ки қувваи асосии пешбарандаи ҳаёти мамлакатанд, мебояд дорои донишҳои баланди сиёсию дунявӣ бошанд ва чи тавре, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.

 

Файзов Ятим, омӯзгори МТМУ №13

Ҳеҷ овозе нест