Фитнаҳои САЛИМПУР ё САЛИМПУЛ дар сомонаҳои иҷтимоӣ

Мирзои Салимпур (далее Салимпул) сомонаи хусусие кушода аст бо номи “Ахбор ком”  , ки бо суханҳои бемантиқу иғвоангезаш ва хабарҳои дурӯғ дар байни мардум фитна андохта, ба зеҳни мардум зарба мезанад. Салимпул зодаи ноҳияи Ҳисор буда, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар нашрияҳои “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Адолат” ва “Чароғи Рӯз”, радиои “Озодӣ” фаъолият кардааст. Айни замон ӯ дар шаҳри Прага кору фаъолият дорад. Ҳоло Салимпули ватанфурӯши зархарид аз дур истода, хабарҳои бардурӯғашро ба воситаи Ахбор комаш паҳн намуда, барои осоиштагӣ ва сулҳу суботи Ватани худаш  мамониятҳо эҷод карда истодааст.

Салимпур (далее Салимпул) имрӯз барои Кабирию Шарофидини носфурӯш як яроқи иттилоотӣ шудааст. Маълум аст, ки тирҳояш дар куҷое афтад, дар онҷо ғайр аз чангу хок дигар чизе дида намешавад. Чунки “наводчик”-ҳояш ҳамон хоинону иғвоангезони миллатанд, ки аз сиёсат буй намебаранд. Чи?! Онҳо хаёл мекунанд, ки роҳбарону вазирони кишвари тоҷикон “чен”-и онҳо намедонанд?... ин ду нафар (Кабирию Шарофидин) чи хизмате ба мардум кардаанд, ки имрӯз аз мағриб рафта, ба воситаи Ютуб ба ҷавонони тоҷик нидо доранд, ки “мо аз ҷавонон умед дорем”... Аслан агар Салимпул патриот мебуд, чаро як бор оиди Кабирию Шарофидин ягон айберо наменависад? Баръакс. Агар ба мақолаҳояш аҳамият диҳӣ, 3-4 ҷумла зиёд наменависад. Аммо пур аз фитнаву иғвост. Бо 4 ҷумлааш то 4 ҳазор “коментари”-ҳоро ҷамъ карда, байни мардум ҷанҷол мебардораду бас. Ана ҳамин аст ҳамон чангу хоке ки Салимпул бо тиру туфангаш мехезонад. Ин Салимпул 2-юмин бор аст ки хиёнат бар ватанаш дорад. Бори аввал солҳои 90-ум ӯ ба сиёсат худро омехта карду, лекин ҷойю мавқеи муайяни худро наёфт. Акнун имрӯз бо хоҷагони пешинааш фурсат ёфтааст, ки худро ҳамчун як сутуне дар ренесанси ҲНИ нишон диҳад. Барои касоне, ки воқеаҳои солҳои 90-умро надидаанд, ба муаррифии бештари Салимпур ниёз доранд. Ӯ чун дӯкондорони дин, озодиҳои бесару нӯги горбачёвиро имконияти хуби худтаблиғкунӣ пиндошта, ба ҳаракатҳои наҳзатӣ, вале дар асл зиддимардумӣ даст мезад.

Ҳамин тавр Салимпул бо сомонаи худ “Ахбор ком” гуё шуҳрати худро ҷаҳонӣ намуда, худро ба ҷаҳониён мешиносонад. Ва ҳамин тавр ҳам ҳаст, дигар тамоми ҷаҳон ӯро мешиносанд медонанд, ки ӯ як хиёнаткор ва ватанфурӯш аст. Аз Ватани худ фирор намуда дар мулки бегона, барои бегонагон кор мекунад.

Тоҷиддин, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест