ХОРУҒ НИГИНИ БАДАХШОН АСТ

Шаҳри Хоруғ, ки 90-сол қабл деҳае буд дар домани кӯҳҳои сарбафалаккашида, шоҳиди бисёр воқеаҳои таърихӣ, падидаҳои сиёсиву фарҳангӣ, рўзҳои вазнину фоҷиабор ва шодмонию ҷашнҳои таърихию суннатии хотирмон.

Шаҳри Хоруғ, ки ҳоло маркази маъмурӣ, сиёсӣ, Кўҳистони Бадахшон мебошад, аз як деҳаи кӯчак ба яке аз шаҳрҳои зебою хушманзараи Тоҷикистон табдил ёфта аст. Хоруғ махсусан дар солҳои истиқлолият боз ҳам инкишофу тараққӣ карда, чун маркази донишгоҳу донишкадаҳо, илму маориф машҳуру маълум гардид.

Мардуми Бадахшон имрӯз аз он ифтихор дорад, ки се ҳадафи стратегии давлат баромадан аз бумбасти комуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ дар Хоруғ бемайлон амалӣ гардида истодаанд.

Мавриди истифода қарор дода шудани шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма, пулҳои мошингузар болои дарёи Панҷ, имконият фароҳам сохтанд, ки сокинони шаҳри Хоруғ на фақат бо тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, балки Чину Афғонистон ва дигар мамолики дуру наздик рафту омад намоянд.

Пайваст гардидан ба шабакаи ҷаҳонии Интернет, ба фаъолият шурӯъ намудани панҷ ширкати телефонии мобилӣ, пахши барномаҳои чор шабакаи телевизиони ҷумҳуриявӣ, телевизион ва радиои маҳаллӣ фазои иттилоотии шаҳрро хеле беҳтар намуданд.

Он чиз хурсандиовар аст, ки имрӯз дар шаҳри Хоруғ истиқлолияти энергетикӣ комилан таъмин карда шудааст.

Дар солҳои истиқлолият бахусус дар даҳ солҳои охир корҳои бунёдкорию созандагӣ дар қаламрави шаҳр равнақи тоза пайдо кардаанд. Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ин давра дар шаҳри Хоруғ биноҳои Маркази Ҷавонон, Чойхонаи миллӣ, хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, мактаби Президентӣ, биноҳои маъмурии Раёсати корҳои дохилӣ, Прокуратураи вилоят бунёд гардида, театри вилоятӣ, варзишгоҳи марказ барои 6000 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуданд.  Ҳангоми сафари Президенти кишвар ба шаҳри Хоруғ бо иштирокашон корхонаи дӯзандагӣ барои 120 нафар дӯзанда мавриди истифода қарор дода шуда, хишти аввали иншооти обтаъминкунии шаҳри Хоруӯ ва хонаҳои истиқоматии коркунони ҳифзи ҳуқуқ гузошта шуд. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Хоруғ инчунин бо маблағгузории вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ биноҳои маъмурии Раёсати андоз, Сарраёсати молия, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, студияи Телевизиони «Бадахшон», Раёсати стандартизатсияи давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Барои ин ҳам хурду бузурги зебошаҳри Хоруғ барои боз ҳам ободу зебо гардондани он саҳмгузорӣ менамоянд ва кӯшиш бар он менамоянд, ки шаҳри Хоруғ воқеъан ҳам нигини Бадахшон бошад.

Тоҷиддин, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест