ИҚДОМИ БАДАХШОНИҲО

"Мо шаҳрвандони Тоҷикистон, зодагони ВМКБ, ки феълан дар Амрико зиндагонӣ мекунем, барои дастгирии ятимони мактаб - интернати ноҳияи Рӯшон миқдори муайяни маблағ ҷамъоварӣ намуда, барои фасли сармои зимистон ба онҳо либоси гарм харидорӣ карда, ирсол намудем", - гуфта мешавад дар хабаре, ки гурӯҳи "Цавор куен" дар шабакаи иҷтимоии Facbook нашр намудаст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар Амрико ба сар мебаранд, тасмим гирифтаанд ба кӯдакони ятимӣ мактаб - интернати ноҳияи Рӯшони ин вилоят кӯмаки моддӣ ирсол намоянд.

Дастандаркорони иқдоми хайрхоҳона мегӯянд, ки бо ташаббуси худ, хостанд кӯдакони бекасу кӯйро дастгирӣ кунанд, то танҳоӣ ва бекасии худро эҳсос накунанд.

"Кӯдакон ҳеҷ вақт бегона намешаванд, ҳамаашон фарзандҳои мо ҳастанд ва ҳоло, ки кӯчаканд ба кӯмаку навозиши мо сахт мӯҳтоҷ ҳастанд. Ниёзи кӯдакони ятим ба меҳрубонӣ ва дастгирии атрофиён боз бештар аст", - афзудаанд нафарони хайрхоҳ.

Зимнан ташаббускорони ин иқдом аз тамоми сокинони Бадахшон, ки дар Русия, Канада, Бритониё, Қирғизистон ва дигар давлатҳо кору зиндагӣ мекунанд даъват намуданд, ки ин амали некро идома диҳанд ва нисбати тақдири ятимон бетараф набошанд.

Бадахшонияҳои муқими Амрико азм доранд, иқдоми хайрхоҳонаи худро ҳамасола анҷом диҳанд ва ба сокинони мӯҳтоҷи ин вилоят дасти кумак дароз намоянд.

Онҳо бар ин боваранд, ки иқдоми пешгирифтаи онҳо аз ҷониби дигар сокинони саховатманди вилоят, ки берун аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, дастгирӣ ёфта, сафи кумаккунандаҳо зиёд ва шумораи мӯҳтоҷон кам мешавад.

Хидиров А, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест