МАСАЛАҲОИ МАРБУТ БА САРҲАДИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ

Мулоқоти сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Жеенбеко

27 ноябри сои 2019 дар шаҳри Бишкеки ҷумуҳурии Қирғизистон дар ҳошияи маҷлиси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Жеенбеков мулоқот карданд.

Дар мулоқот маҷмуи васеи масоии ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуббаи СААД мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон бо такя ба принсипҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ, ба масалаи тавсеа ва таҳкими ҳамаи ҷанбаҳои ҳамгироӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, аҳамияти махсус медиҳад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти вохурӣ татбиқи тафовуқоти дуҷониба оид ба масалаҳои марбут ба сарҳади давлатии байни ду кишвар муҳокима гардид.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо сурат гирифт.

 

Маҷидзода А. Сармуҳаррири “Гулистон”

Ҳеҷ овозе нест