ВОКУНИШ ШУРОИ УЛАМОИ ТОҶИК ОИДИ “ИШҚОБОД”

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дода буданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд.

Қаблан гуруҳи террористии ДОИШ бо интишори баёнияе дар шабакаи Интернет масъулияти ҳамлаи шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи “Ишқобод” ва куштани 10 тан аз низомиёни тоҷикро бар уҳда гирифтааст.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар сомонааш вокуниш ба ҳамлаи террористӣ ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар марз бо Узбакистонро нашр кардааст.

Дар вокуниши нашркардаи Шӯрои уламо, ҳамла ба “Ишқобод” нақшаи душманони хориҷии давлати Тоҷикистон арзёбӣ шудааст, ки тариқи гумоштагони пинҳонӣ роҳандозӣ гардидааст. Абдушукур Тӯраев, сархатиби шаҳри Истаравшан ва муаллифи вокуниш, навиштааст, ҳамлае, ки аз ҷониби террористон дар дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” ба вуқӯъ омад, аҳли ҷомеа, аз ҷумла бандаро сахт мутаассир ва мутаассиф сохт. “Дар тааҷҷубем ки онҳо чигуна махлуқоти бадтаринанд, ки аз хунрезию фасодкорӣ хаста намегарданд ва ҳарвақт мардумро ба тарсу ҳарос гирифтор карда, ба таҳлука меандозанд”, - омадааст дар матлаб.

Тӯраев афзудааст, маълум аст, ки ҳамаи ин нақшаҳои душманони хориҷии Давлати мост, ки ба воситаи гумоштагони пинҳонии худ роҳандозӣ мекунанд. Нашри вокуниши сархатиби Истаравшан дар ҳолест, ки ба иттилои расида, ҳамлагарон ба дидбонгоҳи "Ишқобод" зодаи шаҳри мазкур будаанд.

“Ба ҳар ҳол, мо зиёдтар ҳушёрию зиракиро ба кор андозем ва аз шарри онҳо эмин бошем ва ҳамеша хоҳони он бошем, ки Худованд ба ҳамаи мақомоти дахлдор ва сарҳадбонони Ватани азиз қувват ва мадад ато кунад, ки ҳаёти осоиштаи мардум вобаста ба хидмати онон мебошад. Бигзор Худованд шаҳидшудагонро раҳмату мағфират кунад”, - омадааст дар вокуниши нашркардаи Шӯрои уламо.

 

Шоимардонзода Х, мудири маорифи н.Фархор

Ҳеҷ овозе нест