ИЗҲОРИ ВАЗИР ОИДИ МАРЗИ ИШҚОБОД

Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон иштирок намуд. Шӯрои мазкур дар шаҳри Брюсел санаи 10 - уми декабр баргузор гардида буд. Қобили зикр аст, ки ҷаласа таҳти роҳбарии Вазири умури хориҷии Тоҷикистон сурат гирифта буд.

Вазир дар мавриди ҳамла ба гузаргоҳи Ишқобод дар марзи Тоҷикистону Узбекистонро дар ин ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон маълумоти муфассал изҳор дошт.

Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Горан Грлих Радман, Вазири умури хориҷӣ ва аврупоии Хорватия аз номи Хосеп Боррелл Фонтелес, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ роҳбарӣ кард.

Зимнан, Сироҷиддин Муҳриддин дар мавриди ташаннуҷи вазъият дар ҳамсоякишвари Афғонистон ва ҳамчунин ба чанд суоли хабарнигорон посух гуфт. Аз ҷумла ҳамлаи мусаллаҳона ба постгоҳи Ишқобод мавриди таваҷҷӯҳи хабарнигорон қарор гирифт ва дар вобаста ба ин масъала аз вазири тоҷик шарҳи муфассал талаб намуданд.

Ба изҳори вазир "гурӯҳи мусаллаҳи бистнафарӣ ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод"-и қисми ҳарбии "Султонобод" ҳамла карданд. Онҳо панҷ автомати Калашниковро ғасб намуда, дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои вижа, ин гурӯҳ безарар гардонида шуданд. "Панҷ нафар боздошт гардиданд ва феълан дар ҳабс қарор доранд. Сохторҳои ҳифзи қонун ҳам хисороти ҷонӣ диданд. Мутаассифона, террористон кӯдакону занонро барои анҷоми ин ҳамла истифода карданд. Бешубҳа, мо тамоми талошро кардем, ки кӯдаконро наҷот диҳем, аммо дар миёни мардуми кушташуда шуморе аз кӯдакону занон буданд. Онҳо ба мо интихоби дигар нагузоштанд," – шарҳ дод вазири умури хориҷии Тоҷикистон.​

Ёдрас мешавем, ки Қаблан гуруҳи террористии ДОИШ бо интишори баёнияе дар сомонаи ютуб масъулияти ҳамлаи шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи “Ишқобод” ва куштани 10 тан аз низомиёни тоҷикро бар уҳда гирифтааст.

Қаблан мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дода буданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд.

 

Тураева М, сармутахассиси шуъбаи маориф

Ҳеҷ овозе нест